«Взаимодействие милиции с общественностью»
Санаи 8 декабри соли 2014 дар мактаби №23 ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара бахшида ба «Рӯзи байналхалқии мубориза зидди зӯроварӣ» чорабинӣ гузаронида шуд.
Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Бехатарии ҷомеаҳо дар водии Фарғона, ки аз ҷониби ТҶ АЗИТ (ҶТ) дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии Saferworld (Бритонёи Кабир) ва фонди ҷамъиятии «Фонд барои таҳаммулпазирии байналхақӣ» - и (ҶҚ) ва ТҶ МИР (ҶТ) амалӣ карда мешавад, санаҳои 21-22 ноябри 2014 сол дар ш. Бишкеки ҶҚ вохӯрии ҳамкорони лоиҳа барпо гардид.
Санаи 17 ноябри соли 2014, дар деҳаи Хоҷаи Алои ҷамоати Чоркӯҳ, н. Исфара бахшида ба «Рӯзи байналхалқии таҳаммулпазирӣ» чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он тақрибан 120 нафар хонандагону омӯзгорони мактабҳои №24 ва №64 иштирок доштанд.
Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Бехатарии ҷамеаҳо дар водии Фарғона, санаҳои 7-8 ноябри соли 2014 дар ш.Хуҷанд барои бозрасони милитсия ва бозрасон оиди кор бо ноболиғони ҷамоатҳои мақсадноки ноҳияҳои Исфара, Ашт, Ҷ. Расулов ва Спитамени вилояти Суғд оиди ҳалли масъалаҳои бехатарии ҳамкорӣ бо сокинон ва асосҳои робита тренинг баргузор гардид.
Санаи 16 октябри соли 2014 дар мактаби №56-и ҷ. Сурхи ноҳияи Исфара озмун оиди донистани қоидаҳои ҳаракати роҳ байни талабагони мактабҳои 26, 29 ва 56-и ҷ. Сурх баргузор гардид
Минтақаҳои фаъолият