Донише, ки роҳ ба сӯи дарккуниро муайян менамояд...
Чӣ дар дониш аз ҳама муҳим аст? Умуман, дониш худ чист? Чӣ гуна дониш ба мо дар ҳаёт кӯмак мерасонад, кадом малакаҳо ҳастии моро соддатар мекунанд, хусусан агар мо дар деҳот зиндагон кунем?
Таҳаммулпазирӣ, роҳбарӣ, фикрронии танқидӣ, маҳорати гузаронидани музокирот ва муколама, қобилияти иштирок намудан дар ҷараёни қабули қарор. Маҳз ин малакаҳо ва донишҳоро зиёда аз 70 нафар иштирокчиёни марҳилаи якуми семинарҳо барои Гурӯҳҳои тамосии ҷавонони н. Б. Ғафуров ва ш. Исфара дар давоми панҷ рӯз аз худ намуданд.
Аз сиюми март то сеюми апрели соли ҷорӣ дар бинои таълимии Бонки миллӣ, воқеъ дар шаҳри Гулистон силсилаи семинарҳои маърифатии панҷрӯза баргузор гардид. Ташаббускори чунин чорабинии муҳим Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон бо дастгирии БРСММ Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Тақвияти ҳамкории ҷавонони ҷомеаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон” гардид.
Гурӯҳи мақсаднок ҷавонони синну солашон аз 18 то 35 сола буданд, ки дар ҷамоатҳои наздисарҳадии ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳри Исфара зиндагонӣ мекунанд.
Иштирокчиён дар давоми панҷ рӯз роҳи калон ва мушкилро паси сар намуданд ва имкониятҳои нави дарки сулҳ ва таҳаммулпазирӣ, кор дар гурӯҳро пайдо намудан, малакаҳои муколама ва иштирок дар ҷараёни қабули қарорро аз худ намуданд.
Бино ба иштирокчиён, ҳамаи он чизҳое, ки онҳо аз худ намуданд, ҳамаи он таҷрибаҳое, ки ба даст оварданд дар ҳаёт истифода мебаранд, инчунин бо дӯстон ва оилаи хеш мубодила мекунанд.
Дар охири моҳи апрели 2017 сол марҳилаи дуюми семинарҳо дар мавзӯи банақшагирии тиҷорат ба нақша гирифта шудааст, ки иштирокчиёни он соҳибкорони ҷавон ва намояндагони Гурӯҳҳои тамосии ҷавонони ноҳияҳо мегардад.