24 янв 2015

Клуби Рӯшноӣ

Аъзоёни Клуби Рӯшноӣ, ки 9 нафарро ташкил медоданд, моро дар бинои навтаъмиркардаи худ, ки бо чизҳои бо дасти худашон тайёркарда, оро дода буданд, қабул карданд. То ташкил кардани Клуб онҳо барои худашон дастӣ медӯхтанд, ҳоло бошад аз мошинаҳои дарздӯзӣ истифода мебаранд.

Дилбар Шокирова, сарвари Клуб аз он шод буд, ки занҳое, ки пештар ягон касбу кор надоштанд, дӯхтану буриданро ёд гирифтанд. Аъзоёни Клуб, асосан занҳои хонашин ҳастанд, ки ба туфайли Клуб онҳо фаҳмиданд, ки ҳамдастона ба муваффақиятҳо дучор шудан мумкин аст. Соҳибхоназан, ки моро қабул мекард, гуфт, ки ба шавҳараш такя мекунад. «Шавҳарам мегӯяд: Ту касби хуб дорӣ, ба дигарон низ ёд деҳ»».

Ҳама занҳо аз як деҳа буданд, ҳама якдигарро мешинохтанд ва бо ҳамдигар кор кардан мехостанд. Ҳар даҳрӯза онҳо бо ҳам вомехӯранд ва гуфтугӯ мекунанд, кик адом норасогиҳо доранд, боз чӣ кор кардан мумкин аст. Ҳоло онҳо мехоҳанд дар Клуб 10 нафар бошанд. (Як нафар аз Клуб рафта буд). Онҳо мехоҳанд, як нафар шогирде, ки ба курс идӯзандагӣ меояд, ба Клуб даъват кунанд.

Дар курси даҳрӯзаи дӯзандагӣ, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳа мегузашт, Зарнигор Солиева ва Баргигул Мирзоева – аъзое, ки ба бурдани ҳуҷҷатҳои маҳосибии маблағӣ ҷавоб медиҳад, иштирок кард. Баъд аз ба охир расидани курс, онҳо дар муддати 5 рӯз ба дигар аъзоёни Клуб курси дӯзандагии бепул гузаштанд. (ба Санҷагул Мирзоалиева ва Маҳбуба Нурматова низ). Аз ҳар як шогирди навбатӣ онҳо ба маблағи 100 сомонӣ дар як моҳ, (як рӯз 5 соат) талаб карданӣ ҳастанд. Яке аз аъзоёни Клуб ба онҳо кори худ аз матоъпораҳоро нишон дод. + пешдоман, кӯрпача, курпачаи бачагона (оедяло детское) медӯзад. Баъди анҷомёбии курс ӯ фикр кард, ки бояд чунин дӯзад, то лавозимоти дӯхтаи ӯ рақобатпазир бошад. Барои ҳамин фикри сӯзанидӯзӣ кард.

Ба туфайли лоиҳа Клуб мошинаи дарздӯзии Ямата в аду мошинаи дарздӯзии Чайка харид. Аз мактаби маҳҳалӣ фармоиши калони дӯхтани либоси мактабӣ гирифтанд. Писари соҳибхона бо реклама машғул буд. Занҳо ба нақша дӯхтани 14 формаи мактабии писаронаи то сини 15 сола гирифтанд. Нархаш 40 сомонӣ буд. (Нархи фақат дӯхтан, матоъҳоро худи волидон харида меоварданд). Аз ҳар як форма занҳо 3 сомонӣ ба фонди Клуб месупориданд.

Аввал Клуб ба туфайли маблағгузории аъзоёнаш тараққӣ мекард. (10 сомонӣ аз ҳар як аъзо). Ба ин маблағ занҳо матоъ барои куртачаҳо ва ҷилди болишт хариданд. Ғайр аз ин, соҳибхоназан аз фонди Клуб 100 сомонӣ ба мӯҳлати як моҳ қарз гирифт.(баъди як моҳ ӯ бояд 105 сомонӣ супорад).

Барои аъзоёни Клуб таҷрибаи Клуби шимоли Тоҷикистон шавқовар буд. Аз ҳама муҳим ин маслиҳатҳои чӣ тавр фоида ба даст овардан, чӣ тавр мошинаи дарздӯзии Супер Яматаро истифода бурдан, чӣ тавр мошинаи дарздӯзӣ барои ороиши дастурхонро истифода кардан ва чӣ тавр маҳсулоти қандӣ пухтан буданд.

Машваратҳое, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳа гузаронида шуданд, фоидаи яке аз калонтаринҳо буданд. Дар ин машваратҳои ғайр аз аъзоёни Клуб, боз 10-15 нафар одамон иштирок мекарданд. Боз машваратҳои тиббӣ ва ҳуқуқшиносӣ низ муҳимтарин буданд. Занҳо ба туфайли машваратҳои ҳуқуқҳои худро фаҳмиданд. Оиди ҷудошавӣ, тақсими молу мулк ва алимент бисёр саволҳо дода шуданд – машваратҳои боиси ҳалли бисӯр муаммоҳои ҳаррӯза гардиданд.

Наталя Кертичак

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст

 

Ҳабарҳои дигар

15 окт 2021

Зан ... Офариниши аҷиби Худои таъоло.

Табиат ба занон вазифаҳои муҳимтаринро додааст, зеро ҳадафи зан дар рӯи замин идома додани насли инсон аст. Аз замонҳои қадим зан ҳамчун ошпаз, хизматгор, мавҷудоти бе ақида ва шӯҳратпараст ва танҳо ғулом дониста мешуд.

1 авг 2017

Ҳамсояи хуб – дӯсти беҳтарин аст!

Чорабинии мазкур дар чахорчубаи вазифахои иловагии лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" гузаронида шуда истодааст. Лоиҳа бо дастгирии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ техникии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Минтақаҳои фаъолият