31 окт 2011
Вохӯриҳо оиди омӯзиши дарсҳои азхуднамуда дар сатҳи ҷамоатҳо
Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ шудааст, барои омӯзиши дарсҳои азхуднамуда дар шаш ҷамоатҳои мақсаднок вохӯриҳо бапо карда шуданд. Дар ин вохӯриҳо гурӯҳҳои ҷавонони шаш ҷамоатҳои ноҳияҳои Ашт ва Б. Ғафуров, омӯзгорони мактабҳо, мудирони шӯъбаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳи ноҳияҳои мақсаднок ва инчунин намояндагони мақомоти маҳаллӣ ширкат варзиданд.
Дар оғози ҳар як вохӯрӣ ҳамоҳангсози лоиҳа Тюряев Ҷ. кулли ҳозиринро пазироӣ намуда, мухтасар оиди марҳилаи дуюми лоиҳа нақл кард. Инчунин ҳамоҳангсози лоиҳа оиди мақсад ва вазифаҳои лоиҳа гуфта гузашт. Сипас Тюряев Ҷ. Фасилитатори вохӯриро бо иштирокчиён ошно намуд. Ба сифати фасилитатор тренери Маркази таълими инноватсионии барномаи одамшиносии Оғохон Каримов М. даъват карда шуд. Сипас Каримов М. аз иштирокчиён пурсон шуд: «Аз семинарҳои гузашта шумо чӣ чизи нав аз худ намудед?», «Оё сифати дониши Шумо пас аз иштирок дар семинар тағйир ёфт?», «Дониши гирифтаатонро Шумо чӣ тавр истифода мебаред?», «Аз семинарҳои гирифта чӣ ба хотиратон монд?».
Сипас, иштирокчиён муаррифӣ гузарониданд:
- Семинар дар мавзӯи «Ҳуқуқи башар бо ишора ба дин»
- Семинар дар мавзӯи «Плюрализми динӣ»
- Лагери якрӯза таҳти унвони «Мо бар зидди радикализм»
- Семинар дар мавзӯи «Асосҳои исломи анъанавӣ»
- Мизи мудаввар дар мавзӯи «Радикализм байни ҷавонон: сабабҳо ва омилҳо»
- Семинар дар мавзӯи «Радикализм, таҳаммулпазирӣ ва низоъ»
Пас аз ҳар муаррифӣ барои мустаҳкам намудани мавзӯъҳои гузашта фасилитатор ба гурӯҳҳо саволҳо дод. Пас аз муаррифии гурӯҳҳо иштирокчиён ба коркарди пешниҳодот ва тавсияҳо барои кормандони лоиҳа шурӯъ намуданд. Умуман вохӯриҳо хеле шавқовар гузаштанд. Аъзоёни Гурӯҳҳои ҷавонон танҳо аз як чиз ташвиш доштанд, ки барномаи омӯзишии лоиҳа ба охир расид.