21 дек 2009

Мулоқот бо аъзои Гурӯҳи Мусоидат ба мониторинги барномаҳои СПСК

Мулоқоти аъзои Гурӯҳи Мусоидат ба мониторинги барномаҳои СПСК ва СМР бо чор гурӯҳи ТИ/МОК барпо гардид. Мулоқот дар бинои ҷамоати Шай-дон гузашт. Дар ин мулоқот иштирок карданд:

- Намояндагони се кумитаи ҳукумат

- Кумитаи собиқадорони ҷангу меҳнат

- Кумитаи кор бо занон ва оила

- Кумитаи кор бо ҷавонони ноҳияи Ашт

Мутахассисон – машваратгарон оид ба масоили:

Ҳуқуқшиносӣ

- Таъминоти иҷтимоӣ

- Низоми нигаҳдории тандурустӣ

- Аъзои гурӯҳи ТИ/МОК-и чор ҷамоат: Ошоба, Шайдон, Киркқудуқ, Камишқӯрғон

- Шаҳрвандони куҳансоли фаъол

Координатор (мутобиқгардони) лоиҳаи АЗИТ Тюряев Ҷ. дар бораи мақсади мулоқотҳо ва фаъолияти лоиҳа дар 10 моҳ нақл кард.

Мутахассис-таҳлилгар Боймуродова М. муаррифии ҳисоботи аналитикӣ (таҳлилӣ)-ро дар бораи натиҷаҳои мониторинги гузаронидаи гурӯҳҳои ТИ/МОК гузаронд.

Узви Гурӯҳи Мусоидат ба мониторинги барномаҳои СПСК ва СМР Fиёсова М. дар бораи мақсадҳои барномаҳои СПСК ва СМР ва фаъолияти Гурӯҳи Му-соидат иттилоъ дод.

Мулоқоти мазкурро дар телевизиони Осиёи Марказӣ ШТР «К+» инъикос кард. Ҳамчунин дар бораи мулоқот дар рӯзномаи маҳаллии «Шӯҳрати Ашт» мавод чоп шуд.

Ҳабарҳои дигар

Минтақаҳои фаъолият