13 янв 2016

Вохӯрй намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳияи Исфара бо ҷавонони ҷамоати Хонобод ва Нефтобод

Мувофиқи нақшаи кории  моҳи январ, 13 январи соли 2016, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад, ки аз тарафи фонди UNICEF маблағгузорӣ карда шуда истодааст, вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ  бо ҷавонон дар ноҳияи  Исфара  гузаронида шуд. Вохурӣ дар маҷлисгоҳи ҷамоати Хонобод барпо гардид. Дар ин вохӯрӣ номояндагони шӯъбаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исфара, раисони ҷамоатҳои Хонобод ва Нефтобод  ва 40 нафар ҷавонон аз гурӯҳи мақсадноки лоиҳа иштирок доштанд.  Мақсади вохӯрӣ ин беҳтар намудани робитаи байни ҷавонон ва намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ мебошад, то ки  чавонон  ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гиранд ва пешниҳодҳою дархостҳои худро ба намояндагон арз намоянд ва роҳи ҳалли онро дарк намоянд.

Ҳабарҳои дигар

17 авг 2017

Мастер-класс дар Хистеварз доир шуд

Гурӯҳи тамосии ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳамсолони худ аз деҳаҳои наздисарҳадии Хистеварз (Тоҷикистон) ва Борбордук (Қирғизистон) дастагул тӯҳфа намуданд. Дастагул оддӣ набуда, аз сабзавоту меваҷот иборат мебошад.

26 сен 2022

Фарҳанги муоширати оилавӣ

«Фарҳанги муоширати оилавӣ» - чунин буд мавзӯи семинар дар ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 барои хонандагони синфҳои болоӣ баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият