18 фев 2016
Вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ Исфара бо ҷавонони ҷамоатҳои Навгилем Шаҳрак ва Чилгазӣ.
Мувофиқи нақшаи кории моҳи феврал, 18 феврали соли 2016, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад, ки аз тарафи фонди UNICEF маблағгузорӣ карда шуда истодааст, дар ноҳияи Исфара вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ бо 40 нафар ҷавонон аз ҷамоатҳои Навгилем Шаҳрак ва Чилгазӣ гузаронида шуд. Мақсади вохӯрӣ ин беҳтар намудани робитаи байни ҷавонон ва намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ мебошад, то ки чавонон ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гиранд ва пешниҳодҳою дархостҳои худро ба намояндагон арз намоянд ва роҳи ҳалли онро дарк намоянд.