10 фев 2016

Вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллии н.Б.Ғафуров бо ҷавонони ҷамоати Хистеварз

Мувофиқи  нақшаи  кории    моҳи  феврал  ,  10  феврали  соли  2016,  дар  чаҳорчӯбаи  лоиҳаи  «Сулҳ  аз  мо  оғоз  меёбад,  ки  аз  тарафи  фонди  UNICEF  маблағгузорӣ  карда  шуда  истодааст,  вохӯрии  намояндагони  ҳокимияти  маҳаллӣ    ноҳияи  Б  Ғафуров    бо  40  нафар  ҷавонони  махаллаҳои    Ҳавузак  ва  Қинтириқ  аз  гурӯҳи  мақсадноки  лоиҳа  гузаронида  шуд.  Дар  ин  вохӯрӣ    раиси  ҷамоати  Хистеварз,  нозири  хадамоти  пешгирии  хуқуқвайронкунӣ  байни  ноболиғон  ва  ҷавонон,муовини  расиси  иттифоқи  ҷавонон,раиси  маҳаллаи  Ҳавузак,  раиси  занони  ҷамоат    ва  40  нафар  ҷавонон  аз  гурӯҳи  мақсадноки  лоиҳа  иштирок  доштанд.    Мақсади  вохӯрӣ  ин  беҳтар  намудани  робитаи  байни  ҷавонон  ва  намояндагони  ҳокимияти  маҳаллӣ  мебошад,  то  ки    чавонон    ба  саволҳои  худ  ҷавобҳои  саҳеҳ  гиранд  ва  пешниҳодҳою  дархостҳои  худро  ба  намояндагон  арз  намоянд  ва  роҳи  ҳалли  онро  дарк  намоянд

Ҳабарҳои дигар

31 окт 2015

Семинар. Чамъбаст

31 октябри соли 2015 дар Қурғонтеппа барои аъзои кумитаҳои маҳаллаҳо ва дастаҳои занон аз 10 деҳаи ноҳияҳои Бохтар ва Вахш семинар оид ба асосҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

26 фев 2021

Рузи сеюми омузиш барои менторон

Рузи сеюми омузиш барои менторон аз тахлили рузи дуюм огоз гардид. Хар як иштирокчи акидаи хешро оиди рузи гузашта иброз намуданд.

Минтақаҳои фаъолият