15 мар 2010
Мулоқоти шарикони Гурӯҳи Мусоидатгар
3-4 марти соли 2010 дар ш. Хуҷанд мулоқоти шарикони Гурӯҳи Мусоидатгар ба мониторингу татбиқи СПСК барпо гардид. Алҳол Гурӯҳи Мусоидатгар 19 ташкилоти ҷамъиятиро аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва НТҶ намояндагӣ мекунанд. Мулоқоти мазкур ба натиҷаҳои мониторинги ҷамъиятии гузаронидашуда оид ба татбиқи як қатор тадбирҳои СПСК дар минтақаҳо бахшида шуда буд.
Шарикон дар раванди муҳокимаи мушкилиҳое, ки ҳангоми ҷамъоварии иттилоот дар маҳалҳо ба миён омада буданд, стратегияи нави кори Гурӯҳи Мусоидатгарро дар 5 соли наздик таҳия карданд. Дар рафти муҳокима ба қароре омаданд, ки стратегияи фаъолияти Гурӯҳи Мусоидатгарро бо назардошти вазъи мавҷуда дар соҳаи ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ, ки ба татбиқ ва мониторинги СПСК дар солҳои 2010-2012 масъуланд, таҳия кунанд ва ба баланд бардоштани иттилоънокии аҳолӣ дар бораи барномаҳои миллии ба кам кардани камбизоатӣ нигаронида шуда диққати махсус диҳанд.