МУЛОҚОТИ ҶАВОНОН АЗ ДЕҲОТИ НАЗДИСАРҲАДИИ ҚИРҒИЗИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН
24 феврал дар деҳаи Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як чорабинӣ таҳти унвони «Палови дӯстӣ» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҳамкории ҷавонони ҷомеаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶ АЗИТ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҚирғизистонХазина барои таҳаммулпазириибайналмилалӣ амалӣ карда мешавад ва аз ҷониби БРСММ дастгирӣ шудааст,баргузор гардид.
Аъзоёни гурӯҳи тамосии ҷавонони (ГТҶ) -и деҳаи Овчи Қалъача меҳмононро аз деҳаҳои наздисарҳадии Қирғизистон – Қулунду, Интернатсионал ва Мақсад: аъзоёни ГТҶ, намояндагони мақомоти маҳаллӣ қабул намуданд. Дар ин чорабинӣ ҷавонони чаҳор деҳаҳои ҳамсоя ба сокинон ва намояндагони сохторҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нақшаҳои муштарак, ки моҳи январи соли 2017 дар урдугоҳҳои байнисарҳадӣ таҳия карда буданд, муаррифӣ намуданд. Дар рафти муаррифӣ аъзои ГТҶ аз Овчи Қалъача Мавлидинов Парвиз ба ҳозирини чорабинӣ - намояндагони ҷамоатҳо, сохторҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо хоҳиши дастгирии татбиқи фаъолияти нақшаҳои муштарак муроҷиат намуд
Барномаи вохӯрӣ аз консерти идона иборат буд, ки он аз ҷониби ҷавонони чаҳор деҳаҳо омода карда шуданд ва дар анҷоми чорабинӣ аъзоёни ГТҶ меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро ба “Палови дӯстона” даъват намуданд. Ҷавонон дар сари дастурхони идона рафти татбиқи чорабиниҳои дарпешистодаро мувофиқи нақшаҳо муҳокима намуданд.
Ҷоизи қайд аст, ки мулоқоти ҷавонон, аъзоёни ГТҶ Овчи Қалъача ва Интернатсионал анъанавӣ гардидаанд ва онҳо мунтазам барпо карда мешаванд. Ҷавонон якдигарро барои меҳмонӣ ба оши палав даъват мекунанд, футбол, волейбол бозӣ мекунанд; дар вайбер гурӯҳ ташкил намудаанд, ки байни худ нақшаи чорабиниҳоро муҳокима мекунанд. Онҳо нақша доранд, ки то охири моҳи май дар деҳаҳои худ дар ҳамҷоягӣ боз якчанд чорабиниҳоро бо иштироки сокинони маҳаллӣ баргузор намоянд.
Чунин вохӯриҳои ҷавонон дар ин рӯзҳо дар ҳамаи ҷомеаҳои маҳаллӣ, ки лоиҳаи мазкур амалӣ карда мешавад, гузаронида мешаванд.