4 окт 2010

Супоридани даври дуюми грантҳои хурд аз рўи озмуни “Бизнес-мароми беҳтарини ман”

Дар доираи лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ мешавад, маъракаи супоридани даври дуюми грантҳои хурд аз рўи озмуни “Бизнес-мароми беҳтарини ман” барпо гардид.

Барои иштирок дар озмун шунавандагон ва хатмкунандагони курсҳои кўтоҳмуддати муассиссаҳои ТИК, ки ба татбиқи лоиҳа ҷалб шудаанд, ба шарте иҷозат дода шуданд, ки худ муаллифи ақидаи кушодани бизнеси нав буданд.

Қабули ҳуҷҷатҳои озмун аз тарафи кумитаҳои тадорукоти минтақавии озмун сурат гирифт. Муоина ва баҳодиҳии маводҳои ба озмун дохил шуда аз ҷониби Шўроҳои экспертии минтақавӣ, ки аз кумитаҳои тадорукот ташкил гаштанд, баргузор гардид.

Шўроҳо озмунро ҷамъбаст намуда, се бизнес-нақшаҳои соҳиби холҳои зиёд гаштаро муайян намуданд. Баҳои озмунро байни ду минтақа- вилояти Суғд ва Хатлон ва ба ҳар як минтақа 3 тогӣ грантҳои хурд ҷудо намуданд.

Ҳамин-тавр, ғолибони озмун шунавандагони зайл гардиданд:

- Мирсафоева Шаҳноза Шокировна шунавандаи курси «Мусоҳиб бо истифодаи компютер» аз Литсейи касбии саноати нафтугази шаҳраки Нефтеободи ноҳияи Исфара

- Рустамова Манзура шунавандаи курси «Мусоҳиб бо истифодаи компютер» аз ОКТ№ 31 г.Хуҷанд

- Раҳмонова Гулмира Шеръалиевна шунавандаи курси «Мусоҳиб бо истифодаи компютер» аз ОКТ № 74, ноҳияи Ашт

- Раҳматова Мунира шунавандаи курси «Мусоҳиб бо истифодаи компютер» аз Литсейи касбии саноати кимиёвии ш. Сарбанд

Солиева Ганҷина шунавандаи курси «Мусоҳиб бо истифодаи компютер» аз Литсейи касбии саноати кимиёвии ш. Сарбанд

- Ғоибова Мунира шунавандаи курси «Дўзандаи либоси сабуки занонаи дараҷаи 3-юм» аз ОКТ№ 32 ш. Кўлоб.

Ҳабарҳои дигар

25 ноя 2022

Мо ҳамаро даъват мекунем - бепарво набошед

Вактхои охир аксарият чунин саволро медиханд: «Чаро, вакте ки тамоми чахон муаммои зуровариро ба таври чиддй мухокима карда, ба мукобили ин падида фаъолона мубориза мебарад, шумораи ходисахои зуроварй, баръакс, мунтазам меафзояд?

Минтақаҳои фаъолият