Намоиши расмҳо дар Чоркӯҳ
Дар доираи лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ бо мо оғоз меёбад” 29 марти соли 2017 намоишгоҳи навбатӣ дар ҷамоати Чоркӯҳи деҳаи Хоҷаи Ало баргузор гардид. Аксҳо ва расмҳо дар саҳни мактаби № 24 гузошта шуданд, ки дар он директор ва хонандагони мактаби мазкур, муаллимон ва талабагони мактабҳои мақсадноки лоиҳа, мактаби № 47 ҷамоати Чоркӯҳ ва мактаби № 64 деҳаи Сомониён иштирок намуданд. Дар меҳмонии намоишгоҳ раиси шаҳри Исфара Дилшод Ҷабборӣ ва кормандони ҳукумати шаҳри Исфара буданд. Ғолибони озмун аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии АЗИТ бо тӯҳфаҳои пурарзиш қадрдонӣ карда шуданд. Талабагон хеле хушнуд буданд, ки худи раиси шаҳр ба онҳо тӯҳфаҳоро тақдим намуд. Дилшод Ҷабборӣ ғолибонро табрик намуда, барояшон дар хониши минбаъда комёбиҳо таманно намуд.