10 фев 2022
Дар деҳаи Ворух, Чоркӯҳи, Метари
Дар доираи лоиҳаи «Дастгирии Ҷомеа дар Тоҷикистон» дар деҳаи Ворух, Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва деҳаи Метари ноҳияи Спитамен бо иштироки аъзоёни Кумитаи лоиҳавии деҳа ва намояндагони ҷамоат аз тарафи тренерони Шарикони омӯзиш оид ба рушд Раупов А., Каримов Э. ва Мадалиев М. дар мавзӯи “Банақшагирии муштарак, идоракунии лоиҳа ва назорат” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар намояндагони Дафтари Исфарагии Бунёди милии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии “АЗИТ” ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” бо мабалағгузории ҶДММ “ЦАИ Консалтинг” дар доираи лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳонӣ “CASA 1000” зерлоиҳаи «Дастгирии ҷомеа дар Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.
Ҳабарҳои дигар
29 июл 2010
Барномаи Тадқиқот ва Эдвокасии АЗИТ аз соли 2007 амалӣ гардонида ме-шавад. Дар ин муддат дар доираи барнома як қатор тадқиқот иҷро карда шуд, ки ба омӯзиши масоили камбизоатӣ ва самарабахшии амалигардонии барномаҳои рушд нигаронида шуда буданд. Минбаъд натиҷаҳои ин тадқиқот асоси фаъолияти лоиҳавии ташкилот гардиданд. Амалигардонии ҷузъи (ком-поненти) Эдвокасии барнома аз соли 2006 оғоз ёфт, вақте ки АЗИТ зарурати таъсирро ба макросатҳ бо мақсади тақвияи овоз ва нақши Ҷамъияти Шаҳрвандӣ дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат эҳсос кард.
16 дек 2015
Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад», ки аз ҷониби ТҶ АЗИТ бо дастгирии UNICEF татбиқ карда мешавад, 16 декабри 2015 сол дар толори конфронси қаҳвахонаи «Хушбахтӣ» ш. Хуҷанд бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд вохӯрӣ барпо гардид.