14 апр 2021

Вохӯрии иттилоотӣ дар ҷамоатҳои Исфисор ва Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Вохӯрии иттилоотӣ дар мавзӯи “Чӣ гуна таҷовузкорро шинохтан мумкин аст? Расонидани ёрии аввалия ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ» дар ҷамоатҳои Исфисор ва Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ занони фаъоли маҳаллаҳои наздиктарин ширкат варзиданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ, мушкилоти хушунати хонаводагӣ, алахусус, “кӣ таҷовузкор ҳисобида мешавад”, “чӣ гуна ёрии аввалин расонидан мумкин аст ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ” баррасӣ шуд. Занон оид ба ин масъала фикри худро иброз доштанд, пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани кори шӯроҳои занон оид ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ба миён омад.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТҶ "АЗИТ" бо дастгирии Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе гузаронида мешавад.
#osceandpoasti

Ҳабарҳои дигар

24 окт 2015

Асосҳои низоъ ва таҳаммулпазирӣ

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулх аз мо оғоз меебад», дар асоси нақшаи корӣ, санаҳои 12-13 октябри соли 2015 ва 23-24 октябри соли 2015 дар ноҳияи Исфара семинарҳо дар мавзӯи «Асосҳои низоъ ва таҳаммулпазирӣ» гузаронида шуд.

16 дек 2015

Эълони озмуни грантӣ

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад», ки аз ҷониби ТҶ АЗИТ бо дастгирии UNICEF татбиқ карда мешавад, 16 декабри 2015 сол дар толори конфронси қаҳвахонаи «Хушбахтӣ» ш. Хуҷанд бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд вохӯрӣ барпо гардид.

Минтақаҳои фаъолият