14 дек 2020

Бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттахид

14 декабри 2020 дар доираи зерлоихаи бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттахид (БРСММ) дар Точикистон семинар дар мавзуи "Махаллигардонии Хадафхои рушди устувор, мониторинг ва арзёбии дастовардхои Стратегияи миллии рушд" дар Донишгохи Давлатии шахри Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров бо иштироки донишчуёну омузгорони факултаи забонхои хоричи барпо гардид. Максад аз баргузории чорабинии мазкур ин баланд бардоштани маьрифатнокии чавонон оид ба 75-умин солгарди Созмони Милали Муттахид ва фаьолияти он дар Точикистон мебошад. Дар рафти семинар тренер Арипов Максудчон оиди Хадафхои Рушди Устувор барои солхои 2015-2030 ва оид ба фаъолияти Барномаи Рушди Созмони Милали Муттахид маълумоти мушаххас пешниход намуд.
Инчунин, дар семинар Икром Мамадов, Раиси ташкилоти чамъиятии "Гурухи Чавонон оид ба Хифзи Мухити Атроф" оиди хадафхое, ки дар доираи лоихаи ташкилот амали гардида истодааст, баромад намуд.
Дар анчоми чорабини ба донишчуёни фаьол тухфахои хотирави супорида шуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи зерлоиха бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттахид бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттахид (БРСММ) дар Точикистон аз чониби ташкилоти чамьиятии "Ассотсиатсияи зиёиени илми-техникии Точикистон" баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

1 июл 2015

Оғози лоиҳа дар деҳоти «Сарипули 2" ҷамоати "Бохтариён" нохияи Бохтар

01.07.2015 дар деҳаи «Сарипули 2" дж. "Бохтариён" ноҳияи Бохтар лоиҳаи «Ташаббусхои чамъияти калиди рушди деҳаи тоҷик» барои кумитаҳои маҳалли аз ҷониби ҳамбастагии Лахистон маблаггузори карда шуда, оғоз гардид..

23 фев 2022

Санахои 22-23 феврали соли 2022 дар ш. Бохтар семинари 2-руза

Санахои 22-23 феврали соли 2022 дар ш. Бохтар семинари 2-руза оид ба пешниход намудани ёрии хукукии дуюмдарача ба гирифторони (ҷабрдидагон) зӯровари шахвони-гендери барои хукукшинсони давлати ва адвокатхои ш. Бохтар, нохияхои Восеъ, Ёвон, Чоми, Балхи, Кубодиён ва дигархо ташкил карда шуд.

Минтақаҳои фаъолият