8 фев 2021

Дар мактаби хусусии "Паймон"-и шахри Хучанд

Имрӯз, дар доираи лоиҳаи "Дастгирӣ ва тақвияти марказҳои захиравии занон" дар мактаби хусусии "Паймон"-и шахри Хучанд вохӯрӣ бо чавондухтарон дар мавзӯи "Зӯроварӣ. Чӣ гуна эътироф кардани намудҳои зӯроварӣ. Буллинг дар муассисаҳои таълимӣ" баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷавондухтарон дар бораи масъалахои хушунати хонаводагӣ мебошад. Дар ҷараёни ин чорабинӣ мутахассисони лоиха дар бораи зӯроварӣ, намудҳои зӯроварӣ, буллинг маълумот дода, муамморо мухокима намуданд. Инчунин, ролики ичтимои дар мавзӯи "Оилаи хушбахт - бидуни зӯроварӣ" намоиш дода шуд. Иштирокчиёни вохури фаъолона ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТҶ "АЗИТ" бо дастгирии Дафтари Барномавии САҲА дар ш. Душанбе баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

18 июн 2015

Роҳ ба cӯи мактаб!

06.18.2015 дар деҳаи "ФИДОКОР" ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш, лоиҳа оид ба «Ташаббусҳои ҷамъияти калиди рушди деҳаи тоҷик» барои кумитаҳои маҳалли аз тарафи ҳамбастагии Лахистон маблағгузорӣ карда мешавад, оғоз гардид.

Минтақаҳои фаъолият