2 дек 2018
Муносибати эҳтиромонаи шавҳар нисбати ҳамсар
Дар доираи маъракаи умумиҷаҳонии “16 рӯзи фаъолиятнокӣ зидди зӯроварӣ нисбати занон” ТҶ “АЗИТ” барои сокинони ҷамоатҳои Сурх, Ворух ва Чорку вохӯриҳои иттилоотӣ дар мавзӯи “Муносибати эҳтиромонаи шавҳар нисбати ҳамсар» ташкил намуд. Дар вохӯрии мазкур нозирони минтақавӣ, имомхатибони ҷамоатҳо оиди ин мавзӯъ буромад намуданд. Мақсади вохӯрӣ – ин иттиллои васеи аҳолӣ оиди муамми хушунати хонаводагӣ ва чӣ тавр оилаи солиму хушбахтро бунёд намудан мебошад. Дар вохурӣ намояндагони гурӯҳҳои ташабусскори ҷамоатҳо, намояндагони маҳаллаҳо, имом хатибон, ҷавонон, занони пешқадами ҷамоатҳо, инчунин заноне, ки ба зӯроварии хонаводагӣ дучор шудаанд, иштирок намуданд. Имом хатибони ҷамоатҳо ба иштирокчиён оиди одоби муносибати зану шавҳар, эҳтироми якдигар аз нигоҳи ислом пешкаш гардиданд. Нозирони минтақавӣ оиди сабаб ва оқибатҳои нохуши зӯроварии хонаводагӣ маълумот доданд. Дар рафти вохӯрӣ бо иштирокчиён оиди мавзӯи мазкур саволу ҷавоб гузаронида шуд, инчунин баъзе ҷавонон оиди никоҳи бармаҳал ва оқибатҳои нохӯшӣ он, ки бо хушунати хонаводагӣ вобаста мебошад, ибрози ақида намуданд.
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ “АЗИТ” дар доираи лоиҳаи «Оила бе зӯроварӣ» бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА амалӣ мегардад.