24 май 2018

Сафари омӯзишӣ ба ноҳияи Деваштич

Дар чорчӯбаи Лоиҳа оид ба дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон маблағгузорӣ шуда, дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии “АЗИТ” ва “ДАРО” амалӣ мегардад, сафари омӯзишӣ ба ноҳияи Деваштич барои як гурӯҳи иборат аз 10 нафар намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Шӯъбаи маориф, КАТС-и ноҳияи Айнӣ ва кормандони тавонбахшии сатҳи маҳал созмон дода шуд. Дар ҷараёни сафари омӯзишӣ, иштирокчиён дар бораи равишҳои истифоданамудаи ташкилоти ҷамъиятии “Мақсад” дар табиқи Лоиҳаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, фаъолияти кормандони тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал ва идоракунии парвандаҳо маълумоти зарурӣ гирифтанд. Дастаи Айнӣ ҳамчунин аз коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти ёрирасон барои шахсони маъюб, ҳуҷраҳои модар ва кӯдак, марказҳои саломатӣ, ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, марказҳои кумаки иҷтимоӣ ва кӯдакистонҳо дидан карда, бо фаъолиятҳои онҳо дар самти расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, тавонбахшӣ ва тиббӣ ба шахсони маъюб ва бесаробонмонда шинос шуданд. Мақсади асосии сафари омӯзишӣ омӯхтани таҷрибаҳои пешқадам оиди тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал ва истифодаи онҳо дар ноҳияи Айнӣ буд. 

Ҳабарҳои дигар

29 авг 2011

Мизҳои мудаввар дар мавзӯи «Радикализм байни ҷавонон, сабабҳо ва омилҳо»

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, дар мавзӯи «Радикализм байни ҷавонон, сабабҳо ва омилҳо» мизҳои мудаввар гузаронида шуданд.

14 дек 2021

Тренинги 2-руза дар Ҳисор

Дар айни хол дар Хисор тренинги 2-руза дар мавзуъи“Машварати ҳуқуқӣ барои гирифторони (ҷабрдидагон) зӯроварӣ дар оила- аз назария то тарҷиба”

Минтақаҳои фаъолият