28 ноя 2018

Тренинг барои занони пешсафи шимоли Тоҷикистон ва Қирғизистон

ТҶ “Ассостсатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон” барои дастгирии маъракаи байналмилалии “16 рӯзи   байналмилалии мубориза бар зидди зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон #Хомӯш набош: Ба зӯроварӣ нисбати занон хотима деҳ” дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории байналмилалӣ барои сулҳ ва бехатарии устувор”, бо маблағгузории СММ Занон Қирғизистон аз 28 то 30 ноябри 2018 сол дар осоишгоҳи Баҳористони шаҳри гулистон барои занони пешсафи шимоли Тоҷикистон ва Қирғизистон тренинг барпо кард. Дар натиҷа, иштирокчиёни тренинг нақшаҳои фаъолият барои пешгирии зӯроварӣ зидди занон ва духтарон коркард намуданд. Нақшаҳои фаъолияти мазкур то анҷоми аксия дар ҷойҳо амалӣ карда мешаванд.

Ҳабарҳои дигар

28 сен 2021

Зӯроварӣ дар оила

28 сентябри соли 2021 дар ҷамоати Ҳайдар Усмон барои кормандони тиббии маҳаллаи Инкилоб вохӯрии иттилоотӣ баргузор гардид. Мавзӯи ин нишаст "Зӯроварӣ дар оила" буд.

31 окт 2011

Вохӯриҳо оиди омӯзиши дарсҳои азхуднамуда дар сатҳи ҷамоатҳо

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ шудааст, барои омӯзиши дарсҳои азхуднамуда дар шаш ҷамоатҳои мақсаднок вохӯриҳо бапо карда шуданд.

Минтақаҳои фаъолият