10 окт 2022

Курсҳои се моҳаи "Қаннодӣ"

Дар ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров курси се моҳаи ройгони "Қаннодӣ " ба итмом расид. Дар давоми се моҳ иштирокчиёни курси мазкур малакаҳои худро тавассути омода намудани хуришҳо, хӯрокҳо ва маҳсулотҳои қаннодии гуногун сайқал доданд. Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани ин курси ройгон васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон мебошад.
Дар анҷоми курс иштирокчиён соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Бояд қайд намуд, ки 7 нафар занон ва духтарон пас аз хатми курси "Қаннодӣ" бо соҳибкории хурд машғул гардиданд ва сатҳи иҷтисодии зиндагии хешро баланд намуданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТҶ "АЗИТ" бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад.
#postastiandosce

Ҳабарҳои дигар

4 июн 2018

Пурсиши хона ба хона ҷиҳати муайян кардани шумора ва эҳтиёҷоти шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ

Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони худ, ташкилотҳои ҷамъиятии “АЗИТ” ва “ДАРО” дар давраи аз моҳи март то моҳи майи соли 2018 дар ҳамаи 8 ҷамоати ноҳияи Айнӣ...

31 окт 2022

Таҳсилоти фарогир чист?

“Таҳсилоти фарогир чист? Оё кӯдакони маъюбиятдошт ба таҳсилот дастрасӣ доранд? Оё барномаи таълимиро мо метавонем ба эҳтиёҷи кӯдакони маъюбиятдошта мутобиқ гардонем?”

Минтақаҳои фаъолият