16 июн 2020

"COVID-19" саҳми хешро гузоштанд

Кормандони Маркази Захиравии Занони ТЧ "АЗИТ" низ дар пешгирии паҳншавии бемории сироятии "COVID-19" саҳми хешро гузоштанд. Бо аҳолӣ дар минтакаи мақсадноки лоиха- Б. Ғафуров, яъне дар ҷамоатҳои Шаҳрак ва Ҳайдар Усмон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Ҳамроҳи раисони кумитаҳои маҳалла онҳо ба хонахои ахолии максаднок рафтанд ва сӯҳбати профилактикӣ гузарониданд, ки дар ҷараёни он ниқобҳои муҳофизатӣ ва антисептикхо интиқол дода шуданд. Инчунин ба хар яке аз онхо буклетҳои иттилоотӣ дар бораи усулҳои муҳофизат аз коронавирус дода шуд. Дар маҷмӯъ, бо 100 оила сӯҳбатҳо гузаронида шуданд, ки ба онҳо 500 ниқоб ва 250 дона антисептик дода шуд.
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Маркази захиравии занон» бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ гардид.

Ҳабарҳои дигар

26 апр 2017

Ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон мушкилоти марзиро баррасӣ карданд

Убури сархад барои ҷавонониТоҷикистону Қирғизистон боз ҳам осон мегардад. Маҳз бошандагони минтақаи ҳаммарзи вилоятҳои Суғду Ботканд дар мизи гирд ҷамъ омада, ба саволҳои худ оид ба мушкилоти гузаргоҳи марзӣ аз масъулини Хадамоти марзбонииҚирғизистон посух гирифтанд.

Минтақаҳои фаъолият