1 янв 2021

Мақолаи иттилооти дар саҳифаи рӯзномаи "Хақиқати Суғд"

ЗӮРОВАРИИ ОИЛАВӢ ПЕШГИРӢ МЕШАВАД

“Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” (ТҶ “АЗИТ”)–ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайридавлатие мебошад, ки барои рушди ислоҳоти демократӣ ва беҳтар гардонидани сифати зиндагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути истифодаи самараноки иқтидори зиёиёни илмӣ- техникӣ ва пурзӯр намудани нақши бахши ғайритиҷоратӣ бо роҳи татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, иттилоотӣ, ҳамоҳангсозӣ, маърифатӣ ва машваратӣ мусоидат мекунад.
     ТҶ «АЗИТ» аз 3-юми феврали соли 2020 лоиҳаи «Маркази захиравии занон»-ро бо дастгирии Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе амалӣ мегардонад. Муҳлати татбиқи лоиҳаи мазкур аз 1-уми октябр то 31-уми декабри соли 2020 буда, ҷамоатҳои деҳоти шаҳрак ва ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷандро фаро мегирад. Мақсади асосии лоиҳа мусоидат дар баробарии гендерӣ дар кишвар; ҳимояи ҳуқуқҳои занон ба дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ ва васеъ кардани дастрасӣ ва таъсири омӯзиши ҷомеа ва машваратҳо дар соҳаҳои манзил, ҳуқуқи оилавӣ, шуғл, ҳуқуқҳои моликият ва бақайдгирии он, ки ба занон ва оилаҳои онҳо марбутанд, мебошанд.
    Пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ-иҷтимоии ройгон ба ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ, машваратҳои мобилии равоншинос ва ҳуқуқшинос дар минтақаҳои мақсаднок; таҳияи усулҳои бомуваффақияти фаъолият оид ба баланд бардоштани маълумотнокӣ, яъне истифодаи маводи иттилоотӣ: мақолаҳо, брошюраҳо, видеоҳо барои муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ё гурӯҳӣ; васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон тавассути курсҳои касбии асосӣ ва пешниҳоди маълумот барои малакаҳои нави барномасозӣ дар дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва ҳуқуқҳо аз самтҳои асосии фаъолияти лоиҳа ба ҳисоб мераванд. –Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварии оилавӣ», албатта, дар мубориза бо ин зуҳуроти манфии ҷомеа нақши босазо дорад, аммо тамоман решакан ва пурра ҳал кардани ин мушкилот имконпазир нест. Дар навбати аввал ҳангоми суҳбат бо осебдида ва осебрасони зӯроварии хонаводагӣ мо кӯшиш мекунем, шуури онҳоро тағйир диҳем, ки мушкилтарин кор мебошад.
     Аксари шикояткунандагон зӯроварии оилавиро мафҳумҳои кӯҳнаву шахшудае ба мисли «бояд сабру тоқат кард, сирри хонаро ба кӯчаю бозор баровардан даркор нест, мард ҳамеша ҳақ аст ва ҳуқуқи ӯ аз зан бештар аст» побанд мекунанд. Аммо муроҷиати занон барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ торафт бештар мешавад, ки аз як ҷиҳат ҷанбаи мусбат дорад, яъне нишон медиҳад, ки занон, ҳатто ононе, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, акнун кӯшиш доранд, барои муҳофизати худ аз зӯроварии хонаводагӣ садо баланд кунанд. Таҳлили муроҷиатҳо нишон медиҳад, ки зӯроварии оилавӣ сарфи назар аз маълумот ё касбу ихтисос, синну сол ва ҳолати иҷтимоӣ ба амал меояд. Ҷабрдидагоне, ки мо бо онҳо кор бурдем, ҳам сокини деҳоту ҳам шаҳр ҳастанд, маълумоти олӣ доранд,–гуфт ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур Дилрабо Шодиева.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳамдигарнофаҳмӣ дар оила, ки ба латукӯб боис мешавад, асосан бо сабабҳои мушкилоти иқтисодӣ сар мезанад, аз ҷумла, қариб дар панҷяки оилаҳо ҷанҷолҳо бо сабаби паҳншавии касалии коронавирус, аз даст додани ҷои кор, аз сарчашмаи даромад маҳрум шудан ба амал омадаанд. Гуфтан зарур аст, ки зӯроварии хонаводагӣ амали номатлуб аст, зеро боиси мушкилоти дигар мешавад ва оқибатҳои ногувор дорад: бачаҳое, ки дар оилаҳои нопурра зиндагӣ мекунанд, аксар вақт аз назорат берун мемонанд ё ба зери таъсири гурӯҳҳои номатлуб мемонанд. Ба пешниҳоди ёрии ҳуқуқӣ дар ҷамоатҳо талабот зиёд аст ва қисми муҳимтарини фаъолияти лоиҳа ба ҳисоб меравад, зеро ин ёрӣ пеш аз ҳама ба худи кормандони ҷамоатҳо, ки бо мардум аз наздик кор мебаранд, ҳамчун «ёрии таъҷилӣ» зарур аст.
     Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо лоиҳа бисёр кормандони ҷамоатҳо малакаҳои аввалияи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва равоншиносиро ёд гирифтанд. Сониян, азбаски дар ҷамоатҳо воҳиди кори ҳуқуқшинос нест, машваратҳои сайёри ҳуқуқии лоиҳа кори ҷамоатҳоро сабук мекунад ва онҳо ин иқдоми лоиҳаро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Ғайр аз ин, талаботи аҳолии деҳот ба гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгон дар шакли маслиҳатдиҳӣ, таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ (шикоят, ариза ба мақомоти давлатӣ, аризаи даъвоӣ), гирифтани маълумот дар соҳаҳои ҳуқуқи оилавӣ, граҷданӣ ва ғайра торафт зиёд мегардад. Инчунин, муҳимтарин омили фаъолияти лоиҳа маҳз расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба мардуми деҳот аст, зеро дар ин ҷойҳо ёрии пулакии ҳуқуқӣ гарон аст ва барои аксар дастнорас мебошад. Кормандони лоиҳа чандин мушкилотро оид ба зӯроварии ҷисмонӣ ва иқтисодӣ баррасӣ карданд. Як мисол меорем: шаҳрванд Н.М. ба ҳуқуқшинос шикоят кард, ки аз соли 2011 дар қайди никоҳ буда, се фарзанди ноболиғ дорад. Ба қавли ӯ солҳои аввал зиндагиашон хушу хуррам буд. Бо мурури замон шавҳар танҳо ба ҳалли мушкилоти худ машғул шуда, нисбат ба зану фарзанд беэътиноӣ мекард. Ба шаробу маводи мухаддир дода шуда, бо занҳои дигар робитаи номашруъ дошт. Дар натиҷа аз инфексияи ВИЧ/СПИД сироят ёфт. Ҳар бор ба хона масту сархуш меомад, ҳамсарашро таҳқир ва латукӯб мекард.
    Ин рафтори хушунатбор ба саломатӣ ва ҳолати равонии зан ва фарзандон таъсири манфӣ мерасонид. Оқибат зан ба шуъбаи корҳои дохилӣ муроҷиат кард. Суд муштзӯрро се сол аз озодӣ маҳрум намуд. Баъди адои ҷазо шавҳар дигар аз дастгирии молиявии зану фарзандон даст кашид, ки ҳанӯз дар хонаи мутааллиқ ба ӯ мезистанд. Ҳатто даъво дошт, ки хонаро тарк кунанд. Ҳуқуқшиноси лоиҳа аризаи даъвоии ин зани ситамкашидаро тартиб дод. Суд ҳақро ба ҳақдор расонид ва шавҳарро маҷбур кард, ки барои ҳамсару фарзандон ёрдампулӣ диҳад ва бо манзил таъмин кунад. Ёрии равоншиносие, ки кормандони лоиҳа ба ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ мерасонанд, натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Ҳангоми машваратҳои равоншиносӣ ҳар кадоме дар бораи мушкилоти хонаводагӣ бо эҳсос сухан меронанд. Равоншинос кӯшиш мекунад, ки аъзои оиларо ором сохта, ҷиҳатҳои мусбати онҳоро номбар намояд. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки дар айни авҷи хашму ғазаб қароре баровардан дуруст нест, бинобар ин корманди лоиҳа кӯшиш мекунад, ки шиддати эҳсоси ҳамсаронро дар ин маврид паст кунад.
     Дар ин бора мисоли дигареро овардан бамаврид аст: дар оила ҳамсарон давоми панҷ соли зиндагӣ як фарзанд доранд. Бо сабаби мушкилоти оилавӣ айни ҳол зан бо фарзандаш дар хонаи волидон аст. Ҳангоми суҳбат бо ӯ маълум шуд, ки шавҳараш беҳуда бадрашкӣ мекунад. Зан ҳамшираи шафқат аст ва вақте бо сабаби пандемия карантин сар шуд, ӯ бо иҷозати шавҳар 14 шабонарӯз дар беморхона кор кард. Баъд шавҳараш гуфт, ки зан муддате дар хонаи волидонаш зиндагӣ кунад, то дигарон сироят наёбанд. Умуман, вақти дар хонаи волидон будан шавҳар ба ӯ баҳудаю беҳуда занг зада, дашном медод, таҳдид мекард. Зани бечора чӣ кор карданашро намедонист: як тараф, шиддати пандемияи вируси корона, беморони зиёд, хавфи сироятёбӣ, шабҳои бехобӣ... аз тарафи дигар, таҳдиду таҳқири шавҳар.
    Тасмим гирифт, ки дигар ба хонаи шавҳар намеравад. Равоншинос бо шавҳари ӯ суҳбат кардан ҳам намехост, танҳо баъди он, ки ба ӯ комилан махфӣ будани ин суҳбатро фаҳмониданд, ба гуфтугӯ розӣ шуд. Дар рафти суҳбат равшан гардид, ки ҳисси нобоварии ӯ ба зан ҳанӯз дар солҳои мактабияш шакл гирифта будааст. “Мо вақте дар мактаб мехондем, як муаллимамон ҳамеша таъкид мекард, ҳеҷ вақт ба ҳамсари худ бовар накунед, ҳарчанд бо ту зиндагӣ мекунад, аммо дилаш дар ҷои дигар аст”. Мутахассис бо ҳамсарон чанд бор суҳбат кард. Дар натиҷа мард изҳор кард, ки оилаашро аз даст доданӣ нест ва муносибаташро бо ҳамсар дигаргун кард. Акнун онҳо ҳамдигарро мефаҳманд ва зиндагии осудаҳолона доранд. Таҷриба нишон дод, ки чунин машваратҳои инфиродии равоншиносӣ ба оилаҳои осебпазир натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд.
     Дар давраи пандемия оид ба пешниҳоди машваратҳои рӯбарӯи инфиродӣ мушкилот пайдо шуд. Кормандони лоиҳа тариқи телефон маслиҳат дода, тасмим гирифтанд, ки донишҷӯён-равоншиносони ояндаро ҳамчун ризокор (волонтёр) ба ин механизми мувофиқ ва дастраси расондани ёрии равонӣ ҷалб кунанд. Бахши дигари фаъолияти лоиҳа, мувофиқи тавсияи кормандони ҷамоатҳои ҳадафманд, ташкил кардани курсҳо, ё худ маҳфилҳои омӯзиши қаннодӣ аст. Ба ин маҳфилҳо занон ва духтарон аз оилаҳои осебпазир ҷалб карда шуданд, ки соҳиби касб гардиданд. Гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ дар байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои зӯроварии гендерӣ ва сессияҳои иттилоотӣ дар маркази таваҷҷуҳи аҳли лоиҳа буд.
Аз ҷумла, 9 сессияи иттилоотӣ дар мавзӯъҳои «Таъсири пандемияи COVID-19 ба муносибатҳои оилавӣ ва ёрӣ ба ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ», «Тарзҳои пешгирии зӯроварии оилавӣ ва ёрии дастрас ба кӯдакон ва занон», «Зӯроварии оилавӣ ҳамчун омили паст шудани сатҳи накӯаҳволӣ дар оилаҳо» гузаронида шуданд. Дар вохӯриву семинарҳо, дарсҳои маҳорат, ки лоиҳа бо ҷалби 20 нафар ҳуқуқшинос ва 22 нафар равоншинос баргузор кард, мардум бо шавқ иштирок карданд.
     Аз ҷониби кормандони лоиҳа 41 ҷаласаи иттилоотӣ, 21 семинари мавзӯӣ, 1-ададӣ мизи мудаввар, тв-шоу, ролики иҷтимоӣ, 5 фокус-группа гузаронида шуда, дар ҷараёни амалигардонии лоиҳа 2012 нафар фарогири он шуданд. Инчунин, барои аҳолӣ, хусусан ҷабрдидаҳо аз ҷониби ҳуқуқшиносон тақрибан 228, аз ҷониби равоншиносон 236 машварат баргузор карда шуд.
    –Мо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Раёсати занон ва оилаи вилоят ҳамкориро ба роҳ мондаем, дар ҳамаи чорабиниҳо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва бахшҳои кор бо занон ва оила даъват карда мешаванд, – мегӯяд ҳамоҳангсози лоиҳа Дилрабо Шодиева.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Ҳабарҳои дигар

Минтақаҳои фаъолият