30 июн 2021

Семинари «Пешсаф»

Санаи 24-25-29-30 июни соли 2021 дар Озмоишгоҳи Инноватсионии шаҳри Конибодом семинари «Пешсаф» гузаронида шуд. Семинари мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидори ҷавонон, рушди фикрронии эҷодии онҳо баргузор гардид. Ба чорабинии мазкур наврасон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии маҳаллӣ ҷалб карда шуданд. Наврасон дар натиҷаи пешкаши ғояҳои худ дар маъракаҳои иттилоотӣ интихоб гардиданд. Дар семинари мазкур 32 нафар наврасон иштирок доштанд. Дар давоми чор рӯз менторони озмоишгоҳ ба иштирокчиён муайян намудани муаммо, сабаби пайдо шудани муаммо ва роҳи ҳалли муаммоҳоро омӯзониданд. Дар рӯзи охирини чорабинӣ тариқи озмун гурӯҳҳои беҳтарин бо ғояҳои инноватсионии хеш ғолиб гаштанд. Лоиҳаҳои ин гурӯҳҳо аз тарафи лоиҳа маблағгузорӣ мешаванд.
Пас аз анҷоми семинар ҳар як иштирокчӣ соҳиби шаҳодатнома гардид.
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ “АЗИТ” дар доираи лоиҳаи «Малакаҳо барои оянда ва гузариш ба ҳаёти корӣ” бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

29 сен 2016

Семинар для членов Общественного совета по охране общественного порядка джамоата Чоркух г.Исфары

В рамках проекта «Взаимодействие милиции с общественностью», реализуемого ОО АНТИ в партнерстве с международной организацией Saferworld и при финансовой поддержке Отдела по контролю за наркотиками и охране правопорядка (INL) при Государственном департаменте правительства США, 26-27-го сентября в конференц-зале местного органа самоуправления джамоата Чоркух г.Исфары был проведен семинар

Минтақаҳои фаъолият