Семинар дар мавзӯи “Асосҳои рӯзноманигорӣ”
Дар доираи лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ бо мо оғоз меёбад” бо дастгирии молиявии ЮНИСЕФ аз 20 то 24 январи 2017 сол дар шаҳри Гулистон, дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Асосҳои рӯзноманигорӣ” барои 20 нафар ҷавонони ҷамоатҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон гузаронида шуд.
Мақсади чорабинии мазкур – ин фароҳам овардани шароити мувофиқ барои худшиносии иҷтимоию эҷодӣ ва инкишофи зеҳнии кӯдаконе, ки дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд. Инчунин дар назди тренерон мақсад буд, ки ба наврасон асосҳои маҳорати рӯзноманигорӣ ва малакаҳои эҷод ва ба вуҷуд овардани маводҳои ВАО тавассути ба вуҷуд овардани 20 маводҳои ВАО дар мавзӯи дӯстии халқҳо, ваҳдати иҷтимоӣ, сулҳ, фарҳаги ҷомеа ва муносибати неки ҳамсоягӣ.омӯзона
Семинар аз ҷониби тренерони Тоҷикистон ва Қирғизистон гузаронида шуд. Дар давоми панҷ рӯз кӯдакон асосҳои рӯзноманигории интернетӣ ва ба навор гирифтани видеороликҳоро омӯхтанд. Инчунин аз ҷониби ТҶ АЗИТ барои иштирокчиён саёҳат дар шаҳри Хуҷанд ташкил карда шуд, ки дар он иштирокчиён имнояти бо ҷойҳои тамошобоби шаҳр шинос шуданро доштанд. Дар мактаби № 8 ҷамоати Овчи-қалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров хонандагон “Боғи дӯстӣ” бунёд намуданд, ки дар он 10 ниҳол шинониданд. Бо мақсади навиштани мақола ва эҷоди роликҳо наврасон имконият доштанд, ки ба ҷомеаҳо сафар намоянд, онҳо дар он ҷо бо сарвари мактабҳо, раисони маҳаллаҳо муошират карданд; бо фурӯшандаи қирғиз дар бозори Тоҷикистон мусоҳиба доштанд, ба оилаи байналмиллалӣ ташриф оварданд. Бо шарофат ва заҳмати тренерон ва кӯшишҳои худи хонандагон дар анҷоми семинар 20 маводи ВАО бомуваффақиятона омода карда шуданд.