Семинар барои ҷавонон баҳри татбиқи ғояҳои пешниҳодгардида

Аз 24 то 27 январи 2017 сол дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Сулҳ ва ҳамкорӣ бо мо оғоз меёбад”, ки ЮНИСЕФ маблағгузорӣ кардааст, дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистони шаҳри Гулистон 2 марҳалаи семинарҳои дурӯза барои 40 нафар хонандагони мактабҳои мақсадноки ҷамоатҳои ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳри Исфара оиди омӯзонидани таҳияи нақшаҳои ғояҳои иҷтимоӣ баргузор гардид.

Мақсади тренинг – ин баланд бардоштани неруи хонандагони синфҳои болоӣ оиди таҳияи ғояҳо ва омода намудани лоиҳаҳои хурд мебошад. Барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда тренерон дар назди худ вазифа гузоштанд, ки иштирокчиёни тренингро бо хусусиятҳои хоси коркарди ғояҳои лоиҳавӣ, ташаккули малакаи муайян намудани муаммоҳо ва сабабҳои пайдоиши онҳо ва ба наврасон омӯзонидани малакаҳои банақшагирӣ – роҳ аз муаммо то ба ҳалли он ошно созанд.

Инчунин дар семинар намояндаи ЮНИСЕФ Хушбахт Ҳоҷиев ширкат варзид. Рӯзҳои наздик комиссияи грантӣ таъсис дода мешавад, ки он аз намояндагони Раёсати маориф ва илми вилоят, намояндагони сохторҳои давлатӣ, намояндагони ҷамоатҳои ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳри Исфара иборат мебошад. Онҳо ғолибони озмуни “Ғояи иҷтимоии беҳтарин” – ро муайян месозанд. Иштирокчии лоиҳаи қаблина “Сулҳ аз мо оғоз меёбад” Ҷӯраева Парвина, кадоме, ки ҳамчунин иштирокчии семинар буд, дар бораи ЮНИСЕФ, директори ТҶ АЗИТ ва тренерон шеър эҷод кард:

ЮНИСЕФ бошад бомо, Дастги раст бахри мо,

ХУШБАХТ тавонистаанд, Сарчамъ намуда моро.

Ташкилоти АЗИТ хаст, Ин хам дастгири мо аст,

МАЛИКА хаст бахри мо, Сардору сарвати мо,

Меваест бахри моен. Садхо ташаккур бар Шумо,

Омухтем лоихаро, Зиндагиро пеш барем,

Мисли ХУШБАХТ, МАЛИКА, Сардор шавем мо хама,

Гуем хар муаммо, ХУШБАХТ гуянд бахри мо,

Сархад вучуд надорад, Ин аст халли муаммо.

ОРЗУЮ МАВЛУДА,  Кушиш кунанд бахри мо,

ЮНИСЕФ аст сарпараст, Моро намуда тараф,

Мо бикушем бахри он, Дусти бошад амон,

Сулх ва хамкори аст, Бо сархади Киргизистон.

Як авлоду як танем,  Аз хуни як одамем,

Мо чавонон то абад, Бахри фардо бикушем,

Ояндаи ин ВАТАН, Мо хастем эй хам ватан.

Ҳабарҳо

29
ноя

Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он

Дируз дар хобгоҳи духтаронаи №2-и шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзуи «Таҳаммулпазирӣ ва намудҳои он» баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият