29 янв 2019

Оилаи хушбахт

«Оилаи хушбахт ин оилае, ки дар он зӯроварӣ ҷой надорад. Вале, мутаассифона имрӯз дар аксари оилаҳо воқеаҳои хушунати хонаводагӣ дида мешавад» - бо чунин суханҳо барномаи пахши мустақим бо номи «Оила бе зӯроварӣ» дар радиои Исфара оғоз гардид. Мутахассиси таклифгардида равоншинос, сармуаллимаи кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Раҳимова Муҳаррам оиди хушунати хонаводагӣ, намудҳои хушунат ва маълумоти омориро дар вилояти Суғд дар соли 2018 гуфта гузашт. Инчунин, мутахассис ба суолҳои шунавандагон, ки пешакӣ ба идораи радио ирсол намуда буданд, ба суолҳои телефонӣ ва тариқи смс паёмакҳо ҷавобҳои мушахасс дод. Суолҳо асосан оиди мавзӯи интихобгардида аз ҷиҳати равонӣ буда, шунавандагон аз ҷавобҳои гирифтаашон қонеъ гардиданд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Оила бе зӯроварӣ», бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон» амалӣ мегардад, баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

4 июн 2018

Пурсиши хона ба хона ҷиҳати муайян кардани шумора ва эҳтиёҷоти шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ

Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони худ, ташкилотҳои ҷамъиятии “АЗИТ” ва “ДАРО” дар давраи аз моҳи март то моҳи майи соли 2018 дар ҳамаи 8 ҷамоати ноҳияи Айнӣ...

6 фев 2012

Семинар дар мавзӯи «Банақшагирии стратегӣ»

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм» семинари банақшагирии стратегӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандони шӯъбаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳ ва шӯъбаҳои маориф» барпо карда шуд.

Минтақаҳои фаъолият