19 ноя 2021

Нақши зан дар ҷомеа

Ташкилоти ҷамъиятии «АЗИТ» дар мавзӯи «Нақши зан дар ҷомеа» вохӯрии иттилоотӣ доир намуд. Дар ин чорабинӣ донишҷӯёни курси якум ширкат доштанд. Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо оид ба пешбурди баробарии гендерӣ бо зикри аҳамияти нақши занон мебошад. Кормандони лоиҳа оид ба Ҳадафи 5-уми рушди устувор - ноил шудан ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии ҳамаи занону духтарон маълумот доданд. Иштироккунандагони маҷлис фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои кормандони лоиҳа ҷавоб доданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТҶ "АЗИТ" бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад

Ҳабарҳои дигар

23 фев 2017

Оғози татбиқи нақшаҳои фаъолияти муштарак

Мақсади гузаронидани чорабиниҳои муштарак ин ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона байни ҷавонони ҷомеаҳои байнисарҳадии ду кишвар мебошад. Тавассути ташкил ва барпо намудани чунин чорабиниҳо ҷавонон хислатҳои сарварии хешро ташаккул медиҳанд ва бо мақомоти маҳаллӣ муносибат ба роҳ мемонанд.

Минтақаҳои фаъолият