24 июл 2021

Нақши занон дар ҷомеа

Ташкилоти ҷамъиятии "АЗИТ" дар минтакахои мақсадноки лоиҳаи "Тақвият ва дастгирии марказҳои захиравии занон" як қатор ҷаласаҳои иттилоотӣ гузаронид. Дар маҳаллаи “Чашмаи Арзана” -и шаҳри Хуҷанд, дар ҷамоатҳои Исфисор ва Ҳайдар Усмон ҷаласаҳои иттилоотӣ дар мавзӯи “Нақши занон дар ҷомеа” баргузор шуданд. Дар рафти чорабинӣ нақши марду зан дар оила ва ҷомеа баррасӣ шуд. Иштирокчиён дар бораи масъулиятҳои худ дар хона ва оила сӯҳбат карданд. Ҳамчунин, оид ба ҳуқуқи занон, мавқеи занон дар ҷомеа ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила маълумот дода шуд.
Дар чорабиниҳо ҳуқуқшинос ва равоншиноси лоиҳа иштирок намуда, ба саволҳои иштирокчиён оид ба мавзӯи интихобшуда посух доданд.
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Маркази захиравии занон» бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ гардид.
#poastiandosce

Ҳабарҳои дигар

1 окт 2011

Безопасность сообществ в Ферганской Долине

В рамках второй фазы программы: «Безопасность сообществ в Ферганской Долине: консолидация и расширение подходов к безопасности, ориентированных на людей», реализуемого ОО АНТИ совместно с МО Saferworld с апреля 2012 года, были проведены ряд мероприятий, направленных на консолидацию сотрудничества населения целевых сообществ с местной властью и правоохранительными органами.

14 фев 2020

Тарбия аз оила оғоз меебад

Имрӯз фасилитаторони МЗЗ дар ҷамоати Ҳайдар Усмон, ноҳияи Б. Ғафуров бо сокинони маҳаллӣ вохӯрӣ баргузор карданд.

Минтақаҳои фаъолият