8 окт 2004

Нақш ва ҷои институтҳои иҷтимоӣ дар раванди рушди ҷомеаҳои деҳот (соли 2004)

Алҳол ба таъсис ва ташаккули институтҳои (ниҳодҳои) мухталифи ҷомеаи шаҳрвандӣ чун яке аз омилҳои муҳимтарини демократонии ҷамъият ва тақвияи равандҳои рушд аҳамияти махсус дода мешавад.

Ба институтҳои (ниҳодҳои) навтаъсисёфта ҳамчунин ташкилотҳоеро аз қабили гурӯҳҳои ташаббускор, комитетҳои мактаб, маҳфилҳои занон, бригадаҳо, гурӯҳҳои худёрирасон ва ғайраро мансуб донистан мумкин аст. Чунин ташкилотҳо, аксаран, чун натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои махсус бо дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ ба миён меоянд. Иттиҳодияҳои одамон қисми таркибии лоиҳаи мавриди татбиқ ва шарти ҳатмии донор барои дастгирии ин лоиҳа ба ҳисоб меравад. Ин ба пайдоиши қисми назарраси шаклҳои гуногуни институтҳои (ниҳодҳои) иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Мақсади ин тадқиқот омӯзиши ҷой ва нақши институтҳои (ниҳодҳои) муосир, анаъавӣ ва қонунан интихобшуда дар ҳаёти ҷомеаи деҳот бо назардошти қаринаи (контексти) маҳаллӣ ва миллӣ мебошад.

Тадқиқот нишон дод, ки байни намояндагони донорҳо ва кормандони барномавӣ дар фаҳмиши максадҳои ташкил кардани институтҳои (ниҳодҳои) иҷтимоӣ ихтилоф вуҷуд дорад. Аз як тараф, гуногунандешӣ, гуногунии ақидаҳо, ки зуҳуроти хеле хуб аст, зеро ба пешрафт ва ба тасҳеҳи доимии амалиёти худ мусоидат мекунад, аз ҷониби дигар бошад, татбиқи он чизе, ки ба он то охир итминон вуҷуд надорад, роҳи беҳтарини ноил гардидан ба комёбӣ шуда наметавонад.

Мавҷудияти ақоиди мухталиф дар бораи зарурати ташкили институтҳо (ниҳодҳо) бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар гуна дахолат (интервенсия) ба ҳаёти ҷомеа бояд бомулоҳиза бошад ва бо назардошти қарина (контекст) ва тағйирёбии тадриҷии тафаккури аҳолӣ, махсусан аҳолии деҳот сурат гирад.

Ҳабарҳои дигар

15 ноя 2010

Встреча с молодёжью села Ходжаи Аъло в школе №24

12 ноября состоялась ещё встреча с молодёжью села Ходжаи Аъло в школе №24. В результате встречи по безопасности сотрудники проекта хотели удостовериться, что молодёжь полностью понимает процесс безопасности сообществ.

Минтақаҳои фаъолият