1 дек 2018

Натиҷаи озмуни расмкашӣ

Дар доираи аксияи глобалии «16 рузи зидди зӯроварӣ нисбати занон», ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илимӣ-техникии Тоҷикистон» (ТҶ "АЗИТ") аз 01 ноябр то 01 декабри соли 2018 озмуни расми беҳтаринро эълон намуда буд. Мавзӯи озмун «Сирри оилаи хушбахт дар чист?» ва «Мо зидди зӯроварии хонаводагӣ!» буда, он дар минтақаҳои мақсадноки лоиҳа, яъне дар ҷамоатҳои Сурх, Чорку ва Ворух-и шаҳри Исфара гузаронида шуд. Озмуни мазкур байни 13 мактабҳои ҷамоатҳо эълон гардида буд.
Расмҳо аз минтақаҳои мақсаднок ҷамъ оварда шуданд. Дар озмун зиёда аз 40 расмҳо пешкаш гардиданд. Барои муайян намудани ғолибон ва ошкоро гузаронидани озмун ҳайати ҳакамон даъват карда шуданд. Ба ҳайати ҳакамон Аҳроров Фаррух - рӯзноманигор ва рассом, Қодирова Замира - омӯзгори мактаби рассомӣ, Мирзобаҳодурова Малика - намояндаи ТҶ «АЗИТ» даъват карда шуданд.
Ҳайати ҳакамон қайд намуданд, ки ҳамаи расмҳои пешниҳодгашта хуб буда, хонандагон лаёқатманд буданашонро исбот намуданд. Ҳакамон оиди ҳар як расм фикру ақидаҳои хешро иброз намуданд.

Чорабинии мазур аз тарафи ТҶ «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Оила бе зӯроварӣ» бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, амалӣ гардид.

Ҳабарҳои дигар

24 авг 2010

Вторая встреча с молодёжью

23 августа была проведена вторая встреча с молодёжью села Сомониён и села Ходжаи-Аъло на территории школы Ок-Тош

18 авг 2020

Встреча с Министром образования и науки республики Таджикистан

Сегодня в рамках «Продвижение качественного, инклюзивного образования для всех на протяжении всей жизни» состоялась встреча членов Инициативной группы по продвижению качественного образования для всех на протяжении всей жизни с Министром образования и науки республики Таджикистан - Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали.

Минтақаҳои фаъолият