29 мар 2011

Вохўрии нохиявӣ оиди коркарди барномаҳо барои ҷавонон дар ноҳияи Б.Ғафуров

Дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза дар зидди радикализм (MYPAR)», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, вохўрии ноҳиявӣ оиди коркарди барнома барои ҷавонон дар ноҳияи Б.Ғафуров гузаронида шуд.

Мақсади вохўрӣ:

  • коркарди барнома барои ҷавонон, бо назардошти сохтори мушаххаси иҷтимоӣ, маданияти маҳаллӣ ва назарҳои динӣ барои ҷамоатҳои мақсадноки ноҳияи Б.Ғафуров (Унҷӣ, Қистакўз ва шаҳраки Ғафуров).

Дар вохўрӣ баромад карданд:

  • намояндагони кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳиии ноҳияи Б.Ғафуров,
  • намояндагони мақомоти маҳаллӣ,
  • пешвоёни динӣ ва маҳаллӣ,
  • сарварони мактабҳои ҷамоатҳои мақсаднок,
  • намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ,
  • намояндагони ВАО,

ТВ СМ-1, ТВ «Ҷаҳоноро» ва рўзномаи «Ҳақиқати Суғд».

Бо сухани ифтитоҳи ҳамоҳангсози лоиҳа Тўраев Ҷ. баромад намуд. + ҳамаи иштирокчиёнро бо баромад сипосгузорӣ намуда, мухтасар бо мақсади лоиҳа шинос намуд.

Дар рафти вохўрӣ Раҳмонов Т. – мутахассиси лоиҳа, фаъолияти лоиҳаро презентатсия кард. Ў қайд кард, ки лоиҳа барои пешгирии паҳншавии радикализм байни ҷавонон дар се ҷамоатҳои мақсадноки ноҳияи Б.Ғафуров равона карда шудааст.

Баъдан ҳамоҳангсози лоиҳа Тюряев Ҷ. қайд кард, ки дар чаҳорчўбаи лоиҳа вохўрии вилоятӣ гузаронида шуда буд, ки дар он самтҳои ассосии барномаҳо барои ҷавонон муайян карда шуданд:

  • баланд бардоштани сатҳи дониш оиди ҳуқуқ
  • баланд бардоштани сатҳи дониш оиди ҳуқуқ (ҳуқуқи динӣ)
  • пешниҳодоти маълумоти кофӣ дар бораи динҳои мавҷуда.

Дар асоси самтҳои пешниҳодшуда, дар чаҳорчўбаи лоиҳа, чорабиниҳои мувофиқ гузаронида мешаванд, инчунин барномаҳо барои ҷавонони ҳар як ҷамоати мақсаднок

Баъд аз ин ҳамаи иштирокчиён ба се гурўҳ тақсим шуданд:

  • Ғафуров,
  • Қистакўз
  • Унҷӣ

ва ба коркарди муфассали барномаҳо барои ҷавонон шурўъ карданд.

Баромадкунандаи барномаҳо барои ҷавонон аз гурўҳи Унҷӣ сарвари гимназияи № 2 Иброҳимова М. буд. Дар баромади худ ў қайд намуд, ки аз тарафи онҳо барномаи чорабиниҳо барои ҷавонони ҷамоати Унҷӣ коркард шуда буд. Ҳамчун дар баромади худ қайд кард, ки мактабҳо комилан зидди рафтани мактаббачагон ба масчид дар вақти дарс аст.

Баъдан презетатсияҳои намояндагони ҷамоати Қистакўз (аз тарафи имом-хатиб Ҳомидов А.) ва аз шаҳраки Ғафуров (Тошматова М. намояндаи кумитаи маҳаллӣ) гузаронида шуд, ки дар он инчунин онҳо презентатсияи барномаҳо барои ҷавонони барои ҷамоатҳои худ коркардшударо гузарониданд.

Пешниҳодоти рафти маҷлисро ба инобат гирифта, вохўрӣ ҷамъбаст карда шуд.

Ҳабарҳои дигар

24 апр 2017

Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон

Дар МТМУ №56, ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара, Фестивали дӯстии Тоҷикистону Қирғизистон бо иштироки аҳолии минтақаҳои ҳаммарз баргузор гардид. Ҷамъомади идона бо ташаббуси Ассосиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон дар робита бо Фонди ҷамъиятии "Таҳаммулзарии байналхалқӣ" дар Қирғизистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи тамосии ҷавонон (ГТҶ)-и ҷамоати Сурх дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Кирғизистон" ташкил карда шуд.

Минтақаҳои фаъолият