3 дек 2018

Барномаи радиоӣ бо пахши мустақим

3 декабри 2018 сол дар доираи маъракаи умумиҷаҳонии “16 рӯзи фаъолиятнокӣ зидди зӯроварӣ нисбати занон” дар шаҳри Исфара барномаи радиоӣ бо пахши мустақим ташкил карда шуд. Дар барнома роҳбари Намояндагии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумхурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - Ҳомидов Нурулло Абдуваҳҳобович баромад намуданд. Мақсади баргузории барнома – ин ҷалб намудани диққати ҷомеа ба проблемаи зӯроварӣ нисбати занон ҳамчун ҷиноят ва поймолкунии ҳуқуқи инсон, оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии онҳо; мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии занон мебошад. Дар рафти барнома шунавандагони радио тариқи зангҳои телефонӣ ва смс паёмакҳо суолҳои худро иброз доштанд, мутахассиси даъватшуда бошад, ба суолҳои шунавандагон посухҳои мушаххас дод. Инчунин, мутахиссис ба суолҳои шаҳрвандон, ки пешакӣ ба идораи радиои шаҳри Исфара ворид гардида буданд, ҷавоб доданд.

Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ “АЗИТ” дар доираи лоиҳаи «Оила бе зӯроварӣ» бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА амалӣ мегардад.

Ҳабарҳои дигар

13 янв 2020

Марҳилаи нави Барномаи омӯзишии «ПЕШСАФ»

Марҳилаи нави Барномаи омӯзишии «ПЕШСАФ» байни наврасону ҷавонони аз 14 то 18 сола зери мавзӯи «Инкишофи донишу малакаҳои замонавии наврасон ва ҷавонон», ки дар давоми 4 рӯз дар Озмоишгоҳҳои инноватсионии ноҳияҳои мақсадноки лоиҳа: Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Деваштич баргузор гардид.

5 сен 2017

Саҳми ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ афзун мегардад

Дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои гурӯҳи тамосии ҷавонони минтақаи мазкур, сессияҳои хурд оид ба "Таҳаммулпазирӣ" доир гардид. Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон бо роҳандозии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон баргузор шуд.

Минтақаҳои фаъолият