26 сен 2011

Радикализм, таҳаммулпазирӣ ва низоъ

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо дар чаҳорчӯбаи барномаи «Олоти Аврупо дар соҳаи демократия ва ҳуқуқи башар» барои гурӯҳҳои мақсаднок як зумра семинарҳо дар мавзӯи «Радикализм, таҳаммулпазирӣ ва низоъ» гузаронида шуданд. Ин семинарҳо барои гурӯҳҳои ҷавонони шаш ҷамоатҳои ноҳияҳои Ашт ва Б. Ғафуров барпо карда шуданд.

Мақсад ва вазифаҳои семинар: инкишоф додани дониши иштирокчиён оиди дин ва таҳаммулпазирӣ, инчунин кушода додани мафҳуми низоъ ва роҳҳои баромад аз ҳолатҳои низоъ.

Барои гузаронидани ин семинар ба сифати тренер сармуаллими кафедраи филологияи факултаи забонҳои шарқ, номзади илмҳои филологии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров – Амонов А. А. ҷалб карда шуд.

Дар давоми як рӯз тренер сессияҳоро аз рӯи чунин самтҳо гузаронид:

- Радикализм ва намудҳои он;

- Таҳаммулпазирӣ ва мазмуни он;

- Низоъ ва сабабҳои пайдоиши низоъ;

- Намудҳои низоъ;

- Қоидаҳои рафтор ҳангоми низоъ;

- Роҳҳои баромад аз ҳолатҳои низоӣ.

Пас аз ҳар як лексия барои мустаҳкам намудани мавзӯъ муҳокима гузаронида шуд. Оиди ҳар мавзӯъ ба иштирокчиён маводҳои тақсимотӣ дода шуданд.

Дар анҷоми семинар марҳилаи дуюми пурсиш гузаронида шуд. Ин пурсиш бо мақсади муайян намудани сатҳи маълумотнокии хонандагони ҷамоатҳои мақсадноки ноҳияҳои Ашт ва Б. Ғафуров гузаронида шуд.

 Ҳамин тавр, натиҷаҳо нишон доданд, ки Гурӯҳҳои ҷавонон пас аз иштирок дар семинарҳо маълумотнокиашонро оиди мавзӯъҳои гузашта ва оиди асосҳои исломи анъанавӣ, мафҳуми радикализм, таҳаммулпазирӣ, низоъ ва дигарҳо баланд намуданд.   

Ҳабарҳои дигар

3 июн 2021

В конференц-зале гостиницы "Рохат"

Сегодня в рамках проекта "Продвижение качественного и инклюзивного образования для всех на протяжении всей жизни" проходит первый день тренинга по "ЦУР 2030, ЦУР 4 и её взаимосвязь с Национальной стратегией развития РТ до 2030, Программой среднесрочного развития РТ 2021-2025" в конференц-зале гостиницы "Рохат" г. Душанбе.

Минтақаҳои фаъолият