27 окт 2022
Роҳҳои пешгирии зӯроварӣ ва низоъ дар оила
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров семинар дар мавзуи «Роҳҳои пешгирии зӯроварӣ ва низоъ дар оила» гузаронида шуд. Барои донишҷӯён фасилитатори лоиҳа оиди мафҳуми зӯроварӣ, намудҳои зӯроварӣ, сабаб ва оқибатҳои зуроварии хонаводагӣ ва пешгирии низоъ маълумот пешкаш намуд. Барои мустаҳкам намудани мавзӯъ ба иштирокчиён мисолҳо ва ҳикояҳои воқеиро кормандони лоиҳа муҳокима намуданд. Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи фаъолон пешниҳодҳои муфид пешкаш шуданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТҶ "АЗИТ" бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад.



Ҳабарҳои дигар
29 июл 2010
Барномаи Тадқиқот ва Эдвокасии АЗИТ аз соли 2007 амалӣ гардонида ме-шавад. Дар ин муддат дар доираи барнома як қатор тадқиқот иҷро карда шуд, ки ба омӯзиши масоили камбизоатӣ ва самарабахшии амалигардонии барномаҳои рушд нигаронида шуда буданд. Минбаъд натиҷаҳои ин тадқиқот асоси фаъолияти лоиҳавии ташкилот гардиданд. Амалигардонии ҷузъи (ком-поненти) Эдвокасии барнома аз соли 2006 оғоз ёфт, вақте ки АЗИТ зарурати таъсирро ба макросатҳ бо мақсади тақвияи овоз ва нақши Ҷамъияти Шаҳрвандӣ дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат эҳсос кард.
26 апр 2017
Убури сархад барои ҷавонониТоҷикистону Қирғизистон боз ҳам осон мегардад. Маҳз бошандагони минтақаи ҳаммарзи вилоятҳои Суғду Ботканд дар мизи гирд ҷамъ омада, ба саволҳои худ оид ба мушкилоти гузаргоҳи марзӣ аз масъулини Хадамоти марзбонииҚирғизистон посух гирифтанд.