18 авг 2014

Занҳои Суғд омӯзиши занҳои Хатлонро давом медиҳанд

 Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Қувваи занон дар клуби занон. Ошнокунонии таҷрибаи шимол ба ҷануби Тоҷикистон» барномаи ташрифи мубодилавӣ ба охир расид. 4 нафар мушовир аз 3 клуби занони вилояти Суғд, клуби «Фирӯза» аз ноҳияи Б. Ғафуров ва клубҳои «Қундуз момо» ва «Навбаҳор» аз ноҳияи Ашт барои ошнокунонии таҷриба ва малакаи худ ба аъзоёни клуби занон ба вилояти Хатлон  ташриф оварданд.

 Дар давоми ду рӯз, 13 ва 14 августи 2014 сол ду нафари занон аз вилояти Суғд ба панҷтогӣ клуб ташриф оварданд. Дар вохӯрӣ онҳо оиди фаъолияти КЗ вилояти Хатлон маълумот гӯш карданд, таҳлили муқоисавии оиди фаъолияти КЗ вилояти Хатлон ва Суғд карданд. Вохӯриҳо хеле шавқовар ва самаранок гузаштанд. Ҷадвали вохӯриҳо ва мавзӯи машварат бо аъзоёни клубҳо пешакӣ муҳокима карда шуданд.

Лоиҳа аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон дар чаҳорчӯбаи барномаи «Кӯмаки Лаҳистон» дастгирӣ шудааст.

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст

Ҳабарҳои дигар

Минтақаҳои фаъолият