20 июн 2011

Пешгирии радикализм

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм», ки аз моҳи декабри соли 2010 инҷониб амалӣ карда мешавад, ТҶ АЗИТ дар якҷоягӣ бо ташкилоти байналхалқии «International Alert» таҳти унвони «Пешгирии радикализм» санаҳои 13 июн дар н. Б. Ғафуров ва 17 июн дар н. Ашти вилояти Суғд лагери якрӯза барпо намуданд.

Мақсади лагери якрӯза: ҷалби ҷавонон барои мубориза ва пешгирӣ намудани радикализм, коркарди консепсия аз ҷониби гурӯҳи ҷавонон, инчунин коркарди усулҳои мубориза бар зидди радикализм. Иштирокчиёни вохӯрӣ намояндагони мақомоти маҳаллӣ, пешвоёни ҷомеаҳо, пешвоёни динӣ ва бевосита гурӯҳҳои ҷавонони се ҷамоатҳои мақсаднок буданд. 

Дар нимаи аввали рӯз маҷлис гузаронида шуд, ки дар он намояндагони мақомоти маҳаллӣ, намояндагони кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳи ноҳияҳои мақсаднок, намояндаи ташкилоти байналхалқии «International Alert» ва намояндагони ТҶ АЗИТ баромад намуданд. Сипас иштирокчиён вобаста ба ҷамоатҳо ба гурӯҳҳо тақсим карда шуданд ва ба онҳо супориш дода шуд, ки барнома коркард кунанд, ки дар он масъалаҳо ва консепсияи пешгирӣ ва мубориза бар зидди радикализм  дида баромада шаванд. Сипас барномаҳои коркардшудаи гурӯҳҳо муаррифӣ карда шуданд.

Барои мустаҳкам намудани мавзӯи семинарҳои қаблина дар мавзӯъҳои  «Ҳуқуқи башар, ҳуқуқҳои динӣ ва дунявӣ» ва «Плюрализм дар динҳои миллӣ ва дунявӣ» озмун гузаронида шуд. Иштирокчиёни фаъолтарин бо тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд.

Инчунин дар барномаи лагер чорабиниҳои варзишӣ ба монанди футбол, волейбол, шашка ва армрестлинг буданд.   

Дар натиҷа ба ғолибони чорабиниҳои варзишӣ тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуданд.

Дар охири рӯзҷамъомади ҷамъбастӣ гузаронида шуд, ки дар он иштирокчиёни лагер ба ташкилкунандагони лагери якрӯза миннатдории худро баён намуданд ва умед карданд, ки чунин чорабинӣ боз дар оянда ташкил карда мешавад.

Ҳабарҳои дигар

19 окт 2015

«Тренинги ба ман таъсиротдошта»

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» ки, аз тарафи ТҶ «АЗИТ» бо дастгирии UNICEF дар ноҳияи Б.Ғафуров ва ш.Исфара амалӣ шуда истодааст, 19-24 октябри соли ҷорӣ дар осоишгоҳи «Бахористон»-и ш. Қайроққум тренинг барои тренерон оиди малакаҳои таҳлилӣ ва тадқиқотӣ гузаронида шуд.

23 ноя 2015

Цикл воркшопов

С 4- го по 23 ноября в рамках проекта «Мир начинается с нас», финансируемого UNICEF, в джамоатах и селах г.Исфарфы и Б. Гафуровского района был проведен цикл воркшопов.

Минтақаҳои фаъолият