1 мар 2014
Лоиҳаи «Пешбарии имкониятҳои мардуми деҳот тавассути иштирок ва таҳсилот барои ҳаёт» (PROPEL
Аз 1 марти 2014 сол ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ – техники Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҳамкории байналхалқии Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Олмон (dvv international) лоиҳаи «Пешбарии имкониятҳои мардуми деҳот тавассути иштирок ва таҳсилот барои ҳаёт» амалӣ гардонида истодаанд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати Федералӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ шудааст.
Мақсади асосии лоиҳа – ин мусоидат намудан барои қонъ намудани талаботи аҳолии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба таҳсилот иловагӣ, аз он ҷумла ба таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани тахассус, бозомӯзӣ ва ташаккули малакаҳои ҳаётӣ.
Лоиҳа дар назди худ вазифа
гузоштааст, ки ба аҳолии бекори калонсол барои омӯхтани касб дар муддати кӯтоҳ дар базаи Коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов имконият фароҳам орад.
Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур курсҳои омӯзишӣ аз рӯи ихтисосҳои «Дӯзанда», «Қаннод» ва «Муҳосиб бо дониши компутер» гузаронида мешаванд. Омӯзгорони курсҳо дар рафти дарс усулҳои интерактивии таълимро истифода мебаранд, ки онҳо дар тренингҳои лоиҳаҳои қаблинаи «АЗИТ» аз худ карда буданд.
Курсҳои мазкур семоҳа буда, дар вақти гузаронидани онҳо барои омӯхтани қисми назариявӣ ва аз худ намудани малакаҳои амалӣ соат ҷудо карда мешавад. Бояд қайд кард, ки дар чаҳорчӯбаи курсҳои барнома занҳо забони русӣ, асосҳои иқтисоди бозоргонӣ ва ҳуқуқи инсонро меомӯзанд.