18 окт 2010

Омўзиши касб - талаботи замона

Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ- техникии Тоҷикистон дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ», ки дар ҳамкории зич бо ОКТ ва литсейҳо амалӣ мегардад, барномаи навбатии гуфтугўии телевизиониро дар мавзўи «Омўзиши касб- талаботи замона» мегузаронад.

Зиндагии муосир ба инсон талаботҳои наву муайянеро изҳор менамояд. Аз ин ру инсони муосир бояд мустақил ва бо танқид андешаронӣ кунад, қарор қабул намояд ва ҳамзамон ҳисси масъулиятро низ ба душ гирад. Дар бисери маврид вазифаи тарбияи чунин хислатҳо дар насли наврас ба сохтори маориф вогузошта шудааст. Афроди зиёде бо маълумоти олӣ маҷбур аст, ки касби коргариро пеша намояд.

Ҳангоми интихоби касб хатмкунандаи мактаб на ба лаёқату имкониятҳои хеш, балки бештар ба маслиҳатҳои дустону наздикон таваҷҷуҳ менамояд. Бо гирифтани диплом оиди маълумоти олӣ, мутахассиси ҷавон дониши гирифтаи худро татбиқ карда наметавонад ва маҷбур аст, ки касби коргариро барои таъмини оила интихоб намояд.

Қадре аз онҳо ба назди устоҳо мераванд, дигаре ба назди хешовандон ва баъзеҳо дар курсҳои кўтоҳмуддати Марказҳои Омўзишӣ ва муассиссаҳо таҳсилоти ибтидоии касбӣ (ОКТ ва литсейҳо) мераванд.

Маҳз ба ин мавзўъ, муаммоҳо ва дурнамои он - барномаи гуфтугуии телевизионӣ бахшида мешавад.

Агар ин мавзўъ Шуморо шавқманд карда бошад, ҳузури Шумо дар сабти ин барномаи гуфтугўи телевизионӣ боиси хурсандии мост.

Макон: ТВ «Суғд» ш. Хуҷанд. Кўчаи Камоли Хуҷандӣ 172 дар назди ИКД вилоятӣ

Сана: 22 октябр, оғози сабти барнома соати 08.30

Масъулон:

Темурмалик Раҳмонов (92) 777-04-61

Зебо Хоҷаева (92) 701-57-19

Ҳабарҳои дигар

22 мар 2017

Намоиши расмҳо дар ҷамоати Овчи – Қалъача

Мақсади лоиҳаи мазкур – ин рушди нерўи эҷодии хонандагон аз нигоҳи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ аст. Дар расмҳои худ кӯдакон тавонистанд фикру ақидаҳо, тасввуротҳои худро нишон диҳанд, онҳо тавонистанд, ки фаҳмиши худро оиди «Сарҳад» ва «Дӯстӣ бидуни марз» тасаввур намоянд.

15 окт 2021

Зан ... Офариниши аҷиби Худои таъоло.

Табиат ба занон вазифаҳои муҳимтаринро додааст, зеро ҳадафи зан дар рӯи замин идома додани насли инсон аст. Аз замонҳои қадим зан ҳамчун ошпаз, хизматгор, мавҷудоти бе ақида ва шӯҳратпараст ва танҳо ғулом дониста мешуд.

Минтақаҳои фаъолият