1 сен 2018
ПРЕСС-РЕЛИЗ
Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Ассотсиатсияи зиёиёни - илмӣ техникии Тоҷикистон” (АЗИТ) – ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатӣ ғайрисиёсӣ мебошад, ки барои рушди ислоҳоти демократӣ ва беҳтар гардонидани сифати зиндагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути истифодаи самараноки иқтидори зиёиёни илмӣ – техникӣ ва пурзӯр намудани нақши бахши ғайритиҷоратӣ бо роҳи татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, иттилоотӣ, ҳамоҳангсозӣ, маърифатӣ ва машваратӣ мусоидат мекунад.
Мақсади ТҶ “АЗИТ” - ин мусоидат ба рушди ислоҳоти демократӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз моҳи сентябри соли 2018 ТҶ “АЗИТ” бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон лоиҳаи “Оила бе зӯроварӣ” ро оғоз намуд.
Мӯҳлати татбиқи лоиҳа: 01 сентябри 2018 - 30 августи 2019 сол.
Минтақаҳои мақсадноки лоиҳа: ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯ ва Ворух-и шаҳри Исфара
Мақсади лоиҳа - мусоидат ба паст кардани шумораи воқеаҳои зӯроварии хонаводагӣ, ҳолатҳои издивоҷҳои барвақтӣ ва маҷбурӣ, бекор кардани анъанаи «издивоҷи бармаҳал» мебошад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур чунин чорабиниҳо пешбинӣ шудаанд:
- Ташкил намудани гурӯҳи ташаббускорон аз зумраи намояндагони кумитаҳои маҳалла, ҷамоатҳо, милитсия, шӯрои уламои дин ва шаҳрвандони фаъол барои муошират ва муҳокимаи муаммои зӯроварии хонаводагӣ ҳам байни сокинон, ҳам ҳукумати маҳаллӣ ва инчунин, байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ;
- Баланд бардоштани иқтидори кумитаҳои маҳалла. кормандони ҷамоатҳо, нозирони минтақавӣ, имомҳо ва “гурӯҳи хатарнок”-занон ва духтарон, “қурбониёни эҳтимолии” зӯроварии хонаводагӣ тавассути тренингҳои омӯзишӣ;
- Иттилои васеи аҳолӣ оиди зӯроварии хонаводагӣ.
Тамос:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, куч. Шӯро 24
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 37
Тел: +9923422 6 24 70, +992 92 739 85 55
Сомонаи расмӣ: www.asti.tj
Саҳифа дар Фейсбук: www.facebook.com/www.asti.tj
e-mail: asti.tajikistan@gmail.com