ПРЕСС - РЕЛИЗ МАКТАБИ МУШТАРАК БАРОИ ҶАВОНОНИ ҚИРҒИЗИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН
5 декабр дар шаҳри Оши Қирғизистон Мактаби панҷрӯзаи байнисарҳадии ҷавонон барои соҳибкорони ҷавон, намояндагони мақомотҳои давлатии маҳаллӣ, омӯзгорон, иштирокчиёни низоъҳои байнисарҳадӣ ва дигар ҷавонон, ки дар якчанд деҳаҳои байни сарҳадҳои давлатии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Боткени Қирғизистон зиндагӣ мекунанд, оғоз гардид. Тақрибан 80 нафар ҷавонони ду кишвар, ки синну солашон аз 18 то 35 сола мебошад, дар ҳамҷоягӣ мавзӯъҳои зеринро меомӯзанд: нақши ҷавонон дар бунёди сулҳ, асосҳо ва намудҳои таҳаммулпазирӣ, принсипҳои асосии соҳибкорӣ ва дигар мавзӯъҳо, ки барои муколамаи осоишта байни ҳамсолони ду кишварҳои ҳамҳудуд метавонад мусоидат намояд. Диққати махсус барои ҷалби духтарон ба ин чорабиниҳо дода мешавад.
Моҳҳои наздик гузаронидани силсилаи чунин вохӯриҳои маърифатӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба нақша гирифта шудаанд, ки дар онҳо якчанд гурӯҳҳои ҷавонони омӯзонидашуда таъсис дода мешаванд ва ин гурӯҳҳо метавонанд бизнес лоиҳаҳои муштараки байнидавлатии худро татбиқ намоянд, муаммоҳои иҷтимоию иқтисодии деҳаҳои байнисарҳадии ҳар ду кишварҳоро ҳал намоянд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Барномаи рушди СММ Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ Қирғизистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳа оиди ҳамкории байнисарҳадӣ татбиқ карда мешавад. Мактабро ташкилотҳои зерин барпо мекунанд: Фонд барои таҳаммулпазирии байналхалқӣ аз Қирғизистон ва Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон. Чунин вохӯрии навбатӣ дар оғози соли 2017 дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Дар назар аст, ки ҷавонони дар доираи лоиҳа омодагардида дар чорабиниҳои лоиҳа оиди пешгирии низоъҳои ҷавонон дар деҳаҳои наздисарҳадии худ фаъолона ҷалб карда мешаванд.
Маълумоти муфассалро оиди Мактаб дар Ош метавон дар дафтари Барномаи рушди СММ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин аз менеҷерони лоиҳа дастрас намуд: дар Тоҷикистон – Малика Боймурадова, почтаи эл. Asti.tajikistan@gmail.com, телефон: +992 92 780 64 24 ва дар Қирғизистон – Анара Егиналиева, почтаи эл. eginalieva@mail.ru, телефон: +996 312 91 07 57.