18 ноя 2022

Пешгирии зӯроварӣ дар оила

17 ноябри соли 2022 дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров вохӯрии иттилоотӣ дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва кормандони соҳаи тиб оиди масъалаи зӯроварӣ дар оила гузаронида шуд. Зимни вохӯрӣ намудҳои зӯроварӣ, оқибатҳои зӯроварӣ, ки бештар қурбонии хушунати хонаводагӣ мешавад, бо зӯровар чӣ бояд кард, муҳокима гардиданд.
Кормандони лоиҳа бо иштирокчиёни вохурӣ сабабҳои зӯроварӣ ва роҳҳои пешгирии зӯроварӣ дар оиларо номбар карданд. Иштирокчиёни чорабинӣ дар рафти вохӯрӣ фаъолона иштирок намуда, аз ҳаёти сокинони маҳал мисолҳо оварданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТЧ "АЗИТ" бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад.
#poastiandosce.

 

Ҳабарҳои дигар

1 авг 2017

Ҳамсояи хуб – дӯсти беҳтарин аст!

Чорабинии мазкур дар чахорчубаи вазифахои иловагии лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" гузаронида шуда истодааст. Лоиҳа бо дастгирии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ техникии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

11 мар 2022

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҳассосияти гендерӣ

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҳассосияти гендерӣ оид ба масъалаҳои зӯроварии гендерӣ дар оила, моҳи феврали соли 2022 дар минтақаҳои мақсадноки лоиҳа бо иштироки аҳолӣ як қатор вохӯриҳои иттилоотӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Минтақаҳои фаъолият