2 июл 2014

«Сафар самаранок буд»

9 – июни соли 2014 соати 6.00 пагоҳирӯз ман, Одинаева Малоҳат ва Нурова Обида яке аз аъзоёни клуби занон ба роҳ баромадем. Роҳи мо ба вилояти Суғд равона буд. Соати 9.00 пагоҳӣ мо дар дараи Варзоб будем. Мо дар он ҷо барои наҳорӣ кардан таваққуф кардем. Баъд аз наҳорӣ роҳи худро ба вилояти Суғд равона кардем. Дар роҳ мо аз зебогии табиати ватанамон ҳаловат бурдем. Кӯҳҳои бепоёни осмонбӯс, пиряхҳои тарма, дарёчаҳои чашма бо тамошои ҳамаи ин зебогӣ роҳро тай намудем. Баъд аз роҳи дуру дароз мо ба Хуҷанди бостонӣ расида омадем. Дар он ҷо моро Малика вохӯрданд. Баъд мо ба сӯи ноҳияи Ашт равона шудем. Дар ин ноҳия мо ба клуби занони «Навбаҳор», «Наргис», «Қундуз», «Момо» ва «Файз» ташриф овардем. Мо бо ин клубҳо аз наздик шинос шудем. Инчунин дар бораи самтҳои фаъолияти ин клубҳо чизҳои бисёр омӯхтем. Ҳар як клуби занони вилояти Суғд таҷрибаи бисёрсолаи корӣ дорад. Онҳо ба ҳамаи саволҳои мо бо мисолҳо аз таҷрибаи кори клуб ҷавоб доданд, инчунин дар бораи пешрафти фаъолияти худ нақл карданд. Дар маҷмӯъ сафар самаранок буд. Барои беҳтар кардани кор дар клубҳои худ мо бисёр чизҳоро аз худ намудем.
Мо минатдории худро ба «Кӯмаки Лаҳистон» барои ташкили ин сафар баён менамоем.

                

«Ба ман шаҳри Хуҷанд бисёр маъкул шуд». Таасуроти аъзои клуби занони «Рушноӣ» 

Мирзоева Баргигул.
Ман аз вилояти Хатлон ба вилояти Суғд барои мубодилаи тачриба бо клуби занон равона шудам. Ташриф овардан ба вилояти Суғд орзуи деринаи ман буд. Ман дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон будам, лекин дар вилояти Суғд набудам. Ба ман шаҳри Хуҷанд бисёр писанд омад. Он шаҳри бостонӣ ва афсонавӣ мебошад. Сокинонаш хеле хайрхоҳ ва мехнатдӯст мебошанд. Ҳамаи рӯзҳои дар Суғд буда дар хотири манн мемонад. Ман аз занони Суғд бисёр чизҳоро омӯхтам.
Ҳар як клуби занон самти фаъолияти худро дорад. Пас аз ташриф овардан ба ин клубҳо ман қарор кардам, ки таҷрибаи кори онҳоро дар фаъолияти клуби худ ҷорӣ намоям. Ташаккури зиед ба ташкилкунандагони ин сафар.

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст 

Ҳабарҳои дигар

26 ноя 2020

Очередная встреча с населением джамоата Шахрак

Сотрудники Общественной Организации "Ассоциация Научно- Технической Интеллигенции Таджикистана" провели очередную встречу с населением джамоата Шахрак, Бобочон Гафуровского района.

Минтақаҳои фаъолият