11 сен 2020

Пандемия ҳамчун сабаби афзоиши зӯроварии хонаводагӣ

Паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, алалхусус дар вилояти Суғд, боиси афзоиши ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ гардид. Яке аз сабабҳои зуҳури хушунат дар оилаҳо ин пандемия мебошад. Ҳамин тарик, тачриба нишон дод, ки стресс, хашмгини, вахму вохима байни мардум бештар гардида истодааст.
Мавзӯе, ки интихоб шуд, ин: "Пандемия ҳамчун сабаби афзоиши зӯроварии хонаводагӣ" буда, боиси мухокима гардид. Вохурии иттилооти хамрохи 60 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд (ДДХ), кафедраи психология ва тарбияи томактабиро гузаронида шуд. Дар вохурии мазкур донишҷӯёни курсҳои 2-4 ширкат варзиданд. Фасилитаторон методи ҳучуми зеҳниро истифода бурда, ба иштирокчиёни вохурӣ инчунин мисолҳои хаётӣ оварданд. Боиси хурсандист, ки донишҷӯён / равоншиносони оянда, дар тачрибахои касбии хеш барои пешгирии муаммои зуроварии хонаводаги ва хал намудани онхо кушиш ба харч медиханд.
Бо максади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 барои иштирокчиён ниқобҳо бо нишони донор ва маҳлулҳои антисептикӣ такдим гардиданд.
Чорабинии мазкур аз тарафи ТҶ «АЗИТ» дар доираи лоиҳаи «Маркази захиравии занон» бо дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ гардид.

Ҳабарҳои дигар

7 дек 2021

Встреча членов коалиции

30 ноября 2021 года в офисе члена национальной коалиции по образованию "Ассоциация ОГО в Таджикистане за образование" ОО "АРДОВ" состоялась встреча членов коалиции с командой Секретариата Глобального партнерства по образованию.

30 ноя 2020

Встреча со студентами ВУЗов

27-го ноября 2020 года была проведена встреча со студентами ВУЗов города Худжанда, также участвовали представители отдела комитетов по делам женщин и семьи, и по делам молодёжи и спорта.

Минтақаҳои фаъолият