2 дек 2018

Иншои беҳтарин дар мавзӯи «Сирри оилаи хушбахт дар чист?» ва «Мо зидди зӯроварии хонаводагӣ!» муайян гардид

Дар доираи лоиҳаи «Оила бе зӯроварӣ» бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ва барои дастгирии аксияи глобалии «16 рӯзи зидди зӯроварӣ нисбати занон», ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илимӣ-техникии Тоҷикистон» (ТҶ “АЗИТ”) аз 01 ноябр то 01 декабри соли 2018 озмуни иншои беҳтаринро эълон намуда буд. Мавзӯи озмун «Сирри оилаи хушбахт дар чист?» ва «Мо зидди зӯроварии хонаводагӣ!» буда, он дар ҷамоатҳои мақсадноки лоиҳа (Сурх, Чорку ва Ворухи шаҳри Исфара) гузаронида шуд. Озмуни мазкур байни 13 мактабҳои ҷамоатҳо эълон гардида буд.
Сипас, кормандони лоиҳа корҳои хонандагонро ҷамъ намуда, ба ҳакамон барои холгузорӣ супориданд.Баъди дида баромадани иншоҳо, ҳайати ҳакамон ба хулоса омаданд, ки барои ҳар як ҷамоат се нафарӣ ғолиб муайян карда шавад. Ҳамин тариқ, аз рӯи ҷамъи холҳо ғолибони озмун муайян гардиданд.


Чорабинии мазур аз тарафи Ташкилоти ҷамъитии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Оила бе зӯроварӣ» бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, амалӣ гардид.

Ҳабарҳои дигар

8 фев 2017

Мулоқоти ҳамоҳангсозии шарикон

8 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти шарикии навбатии намояндагони БРСММ Тоҷикистон, БРСММ Қирғизистон, ташкилоти ҷамъиятӣ аз Қирғизистон “Youth of Osh” ва кормандони ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон” баргузор гардид

22 апр 2021

Ранее замужество и помолвка

21-го апреля, 2021 года в джамоате Хайдар Усмон Б .Гафуровского района была проведена информационная встреча на тему «Ранее замужество и помолвка».

Минтақаҳои фаъолият