16 дек 2015

Эълони озмуни грантӣ

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулҳ аз мо оғоз меёбад», ки аз ҷониби ТҶ АЗИТ бо дастгирии UNICEF татбиқ карда мешавад, 16 декабри 2015 сол дар толори конфронси қаҳвахонаи «Хушбахтӣ» ш. Хуҷанд бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд вохӯрӣ барпо гардид. Мақсади асосии вохӯрӣ ин додани маълумот оиди оғоз гардидани озмуни грантӣ ва фаҳмонида додани шартҳои иштирок дар он. Дар натиҷаи озмуни грантӣ интихоби на кам аз 6-7 ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар назар аст. Лоиҳаҳои грантии мазкур барои ҳаллии муаммоҳои ҷавонон дар н. Б. Ғафуров ва ноҳияи Исфара, ки дар рафти лоиҳа муайян гардидааст, бояд равона карда шаванд.

Ҳабарҳои дигар

14 дек 2021

Тренинги 2-руза дар Ҳисор

Дар айни хол дар Хисор тренинги 2-руза дар мавзуъи“Машварати ҳуқуқӣ барои гирифторони (ҷабрдидагон) зӯроварӣ дар оила- аз назария то тарҷиба”

28 ноя 2018

Тренинг барои занони пешсафи шимоли Тоҷикистон ва Қирғизистон

ТҶ “Ассостсатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон” барои дастгирии маъракаи байналмилалии “16 рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон #Хомӯш набош: Ба зӯроварӣ нисбати занон хотима деҳ” дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории байналмилалӣ барои сулҳ ва бехатарии устувор”, бо маблағгузории СММ Занон Қирғизистон аз 28 то 30 ноябри 2018 сол дар осоишгоҳи Баҳористони шаҳри гулистон барои занони пешсафи шимоли Тоҷикистон ва Қирғизистон тренинг барпо кард.

Минтақаҳои фаъолият