16 фев 2022

Омӯзиш барои аудити иҷтимоӣ

Ташкил ва гузаронидани ҳисоботдиҳии иҷтимоӣ барои ҷомеаҳои баҳрагиранда имконият фароҳам меоварад, ки ҳисобот доир ба пешрафт, мушкилот ва ахбори молиявӣ дар доираи лоиҳа пешниҳод карда шаванд.
Инчунин ҳисоботдиҳии иҷтимоӣ барои пурзӯр намудани назорат нисбати зерлоиҳа, инчунин таъминоти шаффофоият ва ҳисоботдиҳӣ дар доираи лоиҳа пешбинӣ шудааст.
Ҳисоботдиҳии иҷтимоӣ ин раванди ҳамкории мақомотҳои масъул бо роҳбарон, фаъолон ва иттиҳодияҳои ҷомеаҳои шаҳрвандӣ мебошад. Он бо низом, саривақт ва босамар ҳал намудани мушкилоти мавҷуда ва ба пайдо намудани имкониятҳои нав мусоидат мекунад.
Дар ин замина дар дафтари Исфарагии Бунёди миллӣ иҷтимоии маблағгузори Тоҷикистон дар доираи амалигашти лоиҳаи болозикршуда барои аъзоёни Нозирони ҷавон, Комиссияи лоиҳавии ҷамоат, Кумитаи лоиҳавии деҳа ва Машваратчиёни рушди ҷомеъ бо мақсади босамара гузаронидани ҷаласаҳои умумии боҳогузории баҳрагирандагон аз тарафи кормандон шарики омӯзиш ва мусоидат машварати дастурӣ гузаронида шуд.
Дар рафти машварати дастурӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги иҷтимоӣ машғулияти назариявӣ ва амалӣ барпо гашт.
Минбаъд, дар маҳаллаҳое, ки лоиҳаҳои афзалиятноки интихобгардида амалӣ шудаанд маъракаҳои Мониторинги иҷтимоӣ бо ҷалби кулли баҳрагирандагон гузаронида мешавад.
Чорабинии мазкур аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” бо мабалағгузории ҶДММ “ЦАИ Консалтинг” дар доираи лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳонӣ “CASA 1000” зерлоиҳаи «Дастгирии ҷомеа дар Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.

Ҳабарҳои дигар

18 авг 2020

Встреча с Министром образования и науки республики Таджикистан

Сегодня в рамках «Продвижение качественного, инклюзивного образования для всех на протяжении всей жизни» состоялась встреча членов Инициативной группы по продвижению качественного образования для всех на протяжении всей жизни с Министром образования и науки республики Таджикистан - Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали.

24 май 2018

Сафари омӯзишӣ ба ноҳияи Деваштич

Дар чорчӯбаи Лоиҳа оид ба дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон маблағгузорӣ шуда, дар ...

Минтақаҳои фаъолият