21 апр 2021

Тренинги омӯзишӣ дар Исфара барои ҷавонон

Санаи 14-уми апрели соли 2021 дар доираи лоиҳаи "Омӯзиш ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеаҳо- роҳ ба сӯи сулҳофарӣ ва субот" тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Тарзи дурусти аксбардорӣ/наворбардорӣ дар телефонҳои мобилӣ ва омода намудани видеороликҳо оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ» дар Исфара барои ҷавонон баргузор гардид. Дар ин омӯзиш ҷавонон -"интихоби мавзӯъҳо", "чӣ тавр дар навор матн навишт" ва "чӣ гуна бояд наворбардорӣ ва танзим кард"-ро омӯхтанд.
Дар ин чорабинӣ ҷавонон чунин мавзӯъҳоро пешниҳод карданд; экология, маконҳои таърихӣ ва ҳунармандӣ.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ТҶ "АЗИТ" бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон баргузор гардид.
#usembassyandpoasti

Ҳабарҳои дигар

5 фев 2020

Дар ноҳияи Ашт ва шаҳри Конибодом вохӯриҳо гузаронида шуд

Бо мақсади шиносоии барономаи инноватсионии "ПЕШСАФ" (UPSHIFT) барои инкишофи донишу малакаҳои замонавии наврасон ва ҷавонон дар минтақаҳои мақсадноки лоиҳа, ноҳияи Ашт ва шаҳри Конибодом вохӯриҳо гузаронида шуда истодаанд.

Минтақаҳои фаъолият