4 авг 2010

Маркетинг ва таҳлили бозори фурўш

Дар семинари серўза оид ба мавзўи “Маркетинг ва таҳлили бозори фурўш”, ки дар доираи лоиҳаи “Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ”, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид. Иштирокчиёни семинар шунавандагони курсҳои кўтоҳмуддати муассиссаҳои ҳамкори таҳсилоти касбии ибтидоии вилоятҳои Суғд ва Хатлон буданд.

Семинарҳо дар литсейи касбии алоқаи ш. Душанбе аз 14 то 14 июли соли 2010 ва дар меҳмонхонаи “Тавҳид”-и ш. Хуҷанд аз 1 то 3 августи соли 2010 баргузор шуданд.

Иштирочиёни семинар шунавандагони ду марҳилаи аввали даври тренингҳо оид ба мавзўҳои “Бизнес-нақшасозӣ” (24-26.06.201с. ш.Душанбе ва 14-16.07.2010с.ш.Хуҷанд) ва “Интихоби дурусти қарз” (08-10.07.2010с. ш.Душанбе ва 21-23.07.2010с. ш.Хуҷанд), ки мехостанд боз дониши худро оиди “Маркетинг ва таҳлили бозори фурўш” , таърихи инкишоф, мақсадҳои асосӣ, принсипҳо, таҳқиқот оиди маркетинг, реклама, даври ҳаётии мол, пешбарии мол дар бозорҳои нав, нарх ва нархгузорӣ сайқал диҳанд.

Дар рафти семинар иштирокчиён оиди таърихи пайдоиши маркетинг, мақсади асосӣ ва принсипҳо, ташкилдиҳандаҳо, таҳқиқот ва таҳлили бозор, реклама, нархгузорӣ ва ғайра маълумот пайдо карданд.

Мақсади семинарҳои мазкур ин шинос намудани шунавандагон бо мафҳуми маркетинг ва фаъолияти маркетингӣ, арзёбии ҳолати маркетинг, гузаронидани таҳлили бозори фурўш бо усули таҳқиқот, шиносой бо даври ҳаётии мол ва 4 Р(мол, макон, арзиш, пешбурдани мол) буд. Барои додани мафҳуми муайян ба маркетинг, нақши он дар фаъолияти истеҳсолӣ ва фурўш, ва инчунин нақши реклама дар ин соҳа низ қайд карда шуд.

Ҳамчунин дар рафти семинар усули интерактивии гузаронидани семинар барои калонсолон самаранок истифода шуданд, ба монанди:

- ҳуҷуми ақлӣ

- муҳокимаи умумӣ

- саволҳои кушода ва пўшида

- муҳокимаҳо дар гурўҳҳои хурд

- мисолҳои шароитӣ

- маводҳои аёният ва тақсим

- муҳокима ва мустаҳкамкунии маводи нав

- прзентасия ва кор дар гурўҳҳои хурд

- бозиҳо

Бахусус барои иштирокчиён маълумот оиди таҳқиқотҳои маркетингӣ, усулҳо ва принсипҳои маркетинг, реклама ва намудҳои он, воситаҳои истифодаи он, тамғаи тиҷоратӣ, борпечонӣ ва дигар соҳаҳои истифодаи реклама бо мақсади фурўши маҳсулот ва ё хизматрасонӣ хеле ҷолиб буд.

Ҳабарҳои дигар

18 мар 2017

Фестивали дӯстӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Гурӯҳи тамосии ҷавонон (ГТҶ) - и ҷамоати Овчи-қалъача ба ифтихори ҷашни Наврӯз “Фестивали дӯстӣ” ташкил ва барпо намуданд. Дар мактаби № 8, ки маъмурияти он ташаббусҳои ҷавонони деҳаро дастгирӣ менамояд

1 авг 2018

ТОТ для 10 медицинских работников

Одной из основных задач проекта «Поддержка гражданского общества в применении реабилитации на уровне сообщества для людей с инвалидностью в районе Айни» является запуск системы скрининга детей от 0 до 3 лет и раннего ...

Минтақаҳои фаъолият