29 апр 2021

Малакаҳо барои оянда ва гузариш барои ҳаёти корӣ

20 апрели соли 2021 дар доираи лоиҳаи «Малакаҳо барои оянда ва гузариш барои ҳаёти корӣ» дар шаҳри Хуҷанд дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд вохӯрии ҳамоҳангсозӣ бо намояндагони Хазинаи кудакони СММ дар Тоҷикистон Бина Кутипарамб - роҳбари бахши Рушд ва иштироки Наврасони барномаи Пешсаф, Мавзуна Нурханова - масъули барномаи инноватсия ва иштироки Наврасон, Каримова Фаридхон Мутахассиси бахши мониторинг оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар вилояти Суғд, директорони МТИ ва менторон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур сарвари маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Ашӯрматов Фирдавс Баҳромович иштирок карданд. Ҳадафи вохурӣ - муайян намудани устувории Озмоишгоҳҳои инноватсионӣ, мақсад ва вазифаҳои он буда, иштирокчиён бо усули ҳуҷуми зеҳнӣ мавзӯъҳои дар боло зикргардидаро муҳокима намуданд. Дар рафти чорабинӣ инчунин, муаммоҳои фаъолияти лоиҳаро гуфтугузор намуданд ва роҳҳои ҳалли онро дида баромаданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “АЗИТ” дар доираи лоиҳаи “Малакаҳо барои оянда ва гузариш ба ҳаёти корӣ” бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

15 сен 2022

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13

14 сентябри соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ҷамоати Ҳайдар Усмонов, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи «Муноқиша ва зӯроварӣ» семинар баргузор гардид.

5 окт 2015

Ввстреча с участием представителей джамоатов Сурх, Чоркух и Воруха

В рамках проекта «Мир начинается с нас», реализуемого ОО АНТИ при поддержке UNICEF, 5-го октября в Молодежном центре джамоата Чоркух г.Исфары была проведена встреча с участием представителей джамоатов Сурх, Чоркух и Воруха, махаллинских комитетов и РОМВД-2 г.Исфары.

Минтақаҳои фаъолият