13 янв 2012

Муносибати интегратсионӣ барои ташаккул додани КХМ дар Осиёи Миёна

Намояндагии Hilfswerk Austria International дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳамкорон лоиҳаи «Муносибати интегратсионӣ барои ташаккул додани Корхонаҳои Хурду Миёнаи (КХМ) Осиёи Миёна оид ба коркарди чормағзҳо, меваҳои хушк ва асал»-ро иҷро мекунад. Лоиҳа аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчўбаи давраи дуюми барномаи «Маблағгузории Осиёи Миёна» маблағгузорӣ карда мешавад.

Барномаи «Маблағгузории Осиёи Миёна» соли 2007 дар чаҳорчўбаи Стратегияи Минтақавии Комиссияи Аврупоӣ барои Осиёи Миёна дар солҳои 2007-2013 қабул шуда буд.

Мақсади барномаи «Маблағгузории Осиёи Миёна» пасткунии сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ба воситаи рушди бахши хусусӣ мебошад. Барои ташаккулёбии соҳибкории хурду миёна ва мусоидати тадриҷияти интегратсиронии онҳо ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ диққати махсус дода мешавад.

МАҚСАДИ ЛОИҲА ташаккулдиҳии ҳаматарафаи бахши коркарди маҳсулот дар Осиёи Миёна тариқи мустаҳкам кардани иқтидори ташкилотҳои махсусгардонидаи миёнарави соҳибкорӣ барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии КХМ ва ташаккул додани интегратсияи минтақавии Осиёи Миёна ба бозори ҷаҳонӣ мебошад.

ГУРЎҲИ МАҚСАДНОКИ лоиҳа: бахши КХМ, миёнаравҳои кишоварзӣ, истеъмолкунандагон, ассотсиатсияҳои касбӣ, иттиҳодияҳои фермерӣ, ассотсиатсияҳои коркардкунандагон ва фурўшандагон.

ҲУДУДИ МАҚСАДНОК

  • Тоҷикистон: вилояти Суғд;
  • Қирғизистон: вилоятҳои Баткент ва Ош;

Барпо намудани робита:

  • Ўзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон

Дар чаҳорчўбаи лоиҳа дар якҷоягӣ бо ҳамкорон як қатор маводҳо ва китобҳои омўзишӣ омода карда мешаванд:

  • қоидаҳои содироту воридоти маҳсулоти тару тозаи коркардшуда;
  • китобча бо маълумоти мухтасар оиди роҳ ёфтан ба бозорҳои минтақавӣ ва аврупоӣ;
  • сохти бозорҳо ва идоракунии як зумра маҳсулотҳо барои КХМ-и коркарди маҳсулот;
  • асосноккунии имкониятҳои техникӣ- иқтисодӣ оиди парвариши маҳсулоти органикӣ;
  • китобчаи маълумотӣ оиди марказҳои дастгирӣ ва корхонаҳои экспедитории нишонаи сифат дошта дар вилояти Суғд;
  • барномаи таълимӣ ва маводҳо барои менеҷерон оиди Амнияти Озуқаворӣ;
  • мавод оиди Global GAP барои фермероне, ки зардолу, олу, ангур ва чормағз парвариш мекунанд.

Инчунин дар чаҳорчўбаи лоиҳа стандарти самараноки амниятӣ ва сифатии маҳсулотҳои хўрока барои маҳсулотҳои мақсаднок ҷорӣ карда мешавад.

Стандартҳо ба Global GAP, HACCP ва ISO 220000 барои муҳофизат кардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пеш бурдани маҳсулоти баландсифат, ба коркардкунандагони меваҳои хушк, чормағз ва асал бозорҳои боз ҳам даромадноки хориҷи дур ва наздикро кушода, асос карда мешаванд.

Лоиҳа барои барпо намудани ҳамкории зич байни намояндагони соҳаи савдои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Миёна мусоидат мекунад.

Лоиҳа дар якҷоягӣ бо ҳамкорони байналхалқӣ ва маҳаллӣ татбиқ карда мешавад:

АЗИТ - Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмӣ-Техникии Тоҷикистон

АМСХМ - Ассотсиатсияи Милии Соҳибкории Хурду Миёна дар Тоҷикистон

ТES - Маркази Қирғизистон

АММС - Ассотсиатсияи Муассисаҳои Меваю Сабзавотии Қирғизистон

WIFI - Институт оид ба Кўмаки Иқтисодӣ дар назди Палатаи Савдои Австрия

Ҳабарҳои дигар

1 окт 2011

Безопасность сообществ в Ферганской Долине

В рамках второй фазы программы: «Безопасность сообществ в Ферганской Долине: консолидация и расширение подходов к безопасности, ориентированных на людей», реализуемого ОО АНТИ совместно с МО Saferworld с апреля 2012 года, были проведены ряд мероприятий, направленных на консолидацию сотрудничества населения целевых сообществ с местной властью и правоохранительными органами.

6 ноя 2018

Тадқиқотҳои нав

Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон” дар доираи лоиҳаи “Барномаи такмилдодашудаи дастгирии ташкилотҳои соҳибкорӣ оид ба рушди соҳа

Минтақаҳои фаъолият